Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

расонди?» гӯён пурсон шуд. Ман ба аломати ризомандӣ сар афшондам.

Раисаи маҳфил устод Гулрухсор ҳозиронро ягон-ягон ба Сулаймон Лоиқ муаррифӣ намуд. Ва ҳангоме ки навбати шиносоии ман фаро расиду «ин касро медонед, Бахтиёр аст» гуфта буд, Сулаймон Лоиқ дарҳол ба сухангӯии Гулрухсор ҳамроҳ шуд: «Бале, Бахтиёрро мешиносам, дар Ҷалолобод ба ман мегуфт, ки Лоиқи мо нисбат ба шумо тавоно ва донишманд аст!»

То ин лаҳза дар бораи бузургии Лоиқи худамон ва бо Сулаймон Лоиқ баҳс доштанамро ба касе нагуфта будам.
Агар мегуфтам ҳам, эҳтимол баъзеҳо ба ин баҳси ман бовар намекарданд... Лекин ин ҷо суханони то ин вақт пӯшидаро худи Сулаймон Лоиқ ифтитоҳ кард...

Пас аз пароканда гардидани меҳмонону аҳли маҳфил устод Лоиқ ба назди камина омада, дастамро фишурданд:

  • Баҳс кардед.
  • Бале, дар майдони ҷанг ҳам мо ақидаи худро баён менамоем. Ҳарчанд ки шеъри покҷавҳари шумо ба ҳимоя ҳаргиз ниёз надорад...

Чанд сол қабл бо Сулаймон Лоиқ дар толори калони ба номи М. Турсунзодаи Иттифоқи нависандагон боз ҳам мулоқот доштем. Дар ин ҷо маҳфили хеле шавқангезу пурмуҳтавои шеъри устод Гулназар ба муносибати ҳафтоду панҷсолагияшон баргузор шуда буд. Сулаймон Лоиқ дар қатори аввал хомӯш менишаст, вай хеле пир шуда будааст.

Пас аз маҳфил чанд нафар дӯстон дар утоқи кории устод Гулназар суҳбат оростем.

Ман дар паҳлуи Сулаймон Лоиқ нишаста будам. Ӯ ҳамон баҳси дар Афғонистон кардаи маро ба ёд овард:

  • Оғои Бахтиёр, дар ҳақиқат шоирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Қаноат, Бозор, Лоиқ, Низом Қосим, Фарзона,
    Гулназар тавоноянд. Кишвари шумо ҳам зебою муҳташам, Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам
пешина
аз 216
навбатӣ