Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

Эмомалӣ Раҳмон роҳбари хирадманд ва бузург ҳастанд! Бинобар ин, ашъори шоирони тоҷик низ пургановату салис, ҳунармандонаю латиф эҷод мешаванд. Маҳфили имрӯза низ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

МУЛОҚОТ БО ГАГАРИН

Солҳои ҷавонӣ дар саросари давлати шӯравӣ ба сафарҳои хидматӣ рафтанро ниҳоят дӯст медоштам. Зимни чунин сафарҳо шахсиятҳои нотакрор, сохтмонҳои муқташам, манзараҳои дилпазир ва беназири табиии минтақаҳои навро дидан муяссар мегардид ва инҳо дар оинаи хотира абадулабад нақш мебастанд.

Аввалҳои моҳи июни соли ҳазору нуҳсаду шасту ҳафт сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», соҳибқалами хушзавқ ва тарҷумони чирадаст Абдулло Зокир (мутарҷими «Доғистони ман») ба камина хабар дод, ки ба сафари шаҳри Комсомолски соҳили Амур тайёрӣ бинам, дар ҷашни сиву панҷсолагии ин шаҳр иштирок менамоям. Ман он вақт мудири шуъбаи таблиғ ва тарвиҷи рӯзнома будам ва аз ин хабар хеле мамнун гардида, ба Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ рафтам, то ки ҳуҷҷати сафари хидматиро бигирам ва бо ҳамсафарон шиносо шавам.

  • Ин кас коргари пешқадами Комбинати шоҳибофии Душанбе Муҳаббат Ҳоҷиева, - гуфт мудири шуъба дар қабулгоҳи котиби кумитаи марказии комсомол ба духтараки малеҳчеҳрае ишорат намуда ва илова кард: - Ин ҷавон таркишгари номдори сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак Хуррам Раҳимов — ҳардуяшон ҳамсафари шумо ҳастанд.

Котиби дуюми кумитаи марказии комсомол роҳбари мо дар ин сафар муваззаф гардида буд ва бо ӯ мулоқот

пешина
аз 216
навбатӣ