Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
намуда, дастурҳоро қабул кардем ва сипас ба дафтари кори мудири шуъба ҷамъ омадем.
-
Мо барои туҳфа ду-се дона қолинча харидорӣ намудем, - ишора намуд дар суҳбат мудири шуъба, - шумоён ҳам ягон чиз дастовез гиред, хуб мешавад.
-
Савғотии мо пистаю бодоми қоғазӣ, - гуфтам ман, - лекин агар Муҳаббат хоҳанд, туҳфаи нотакрор тайёр карда метавонанд ва аз ин тамоми сокинони Шарқи Дур дар ҳайрат мемонанд.
-
Чӣ тавр туҳфа? - мутаҳайирона пурсид мудир.
Ҳамсафарон низ хеле дар ҳайрат монданд ва Муҳаббат дарҳол пурсон шуд:
-
Акои Бахтиёр, чӣ хел туҳфа?
-
Мо ба ҷашни сиву панҷсолагии Комсомолски соҳили Амур омодаи сафар ҳастем, - ҷавоб додам ман, - ин шаҳр яке аз марказҳои саноати вазнин, бандари мамлакат дар Шарқи Дур аст, хулоса, тантана ниҳоят муҳташам мешавад. Ба ин муносибат хуб мебуд, ки агар духтари тоҷик кокулонашро рости сиву панҷ адад мебофт!
-
Пешниҳоди ниҳоят аҷиб, - хурсанд шуд мудир, - Муҳаббат чӣ мегӯянд?
-
Барои ман бофтани сиву панҷ кокул ҳеҷ душворие надорад, - хандид Муҳаббат.
Бо ҳамин рӯзи сафарро муайян намуда, аз бинои Кумитаи марказӣ берун баромадем ва ман роҳи идораи рӯзномаро пеш гирифтам.
Рӯзи аввали парвоз тамоми вакилони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд ҷамъ гардидем. Сипас ба тайёраи пуркудрати «Ту-104» савор шуда, пас аз нуҳ соат дар майдони ҳавоии Хабаровск фуруд омадем.
Пас аз сайру саёҳати кӯтоҳе меҳмонон ба ду киштии сеошёна ва хеле боҳашамат, ки дар бандари дарёии шаҳр қарор доштанд - «Ерофей Хабаров» ва «Георгий Седов»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё