Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
(ба шарафи номҳои кошифони Сибирзамин) мутамаккин шуданд. Ҷойи вакилони Тоҷикистон дар киштии «Ерофей Хабаров» муносиб афтод.
Роҳбаладон ба мо ҳикоя карданд, ки аввалҳои моҳи июни соли ҳазору нуҳсаду сиву ду аз гӯшаю канорҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ комсомолон — бунёдгарони ин шаҳри ҷавонӣ гирд омада, тавассути қатора ба шаҳри Хабаровск расидаанд ва аз ин ҷо ба ду киштии калони ҳамон замон - «Колумб» ва «Коминтерн» савор шуда, ба тарафи користони қаҳрамононаи ояндаи худашон — шаҳри Комсомолски соҳили Амур бо мусиқию суруду таронаҳои ҷавонӣ шиновар гаштаанд.
Акнун пас аз бисту панҷ сол мо шоҳроҳи бародарони аршади худро паймуда, бояд дар ҷашни тобноки заҳматҳои гарон ва поки онон ширкат мекардем.
Тибқи барнома то ҷашнгоҳ бояд як шабу як рӯз шино менамудем.
Субҳгоҳон ба мо хабар доданд, ки пас аз чанде ба киштии мо кайҳоннаварди нахустини ҷаҳон Юрий Алексеевич Гагарин меояд. Ман аз ин пайгом ниҳоят мамнун гардида, орзу кардам, ки кош, мулоқоти ин шахси бузургвор аз наздик бароям муяссар шавад. Аз дур киштии нисбатан хурдтар ба киштии мо наздик мешуд. Дар он киштӣ одамони зиёде савор буданд, ки либосҳои низомӣ ва мулкӣ доштанд.
- Ин киштии навсохт ва тезҳаракати «Ракета» аст, - гуфт касе аз ҳамсафарони мо.
Сонӣ «Ракета» ба киштии «Ерофей Хабаров» васл шуд ва аз он Гагарин ва ҳамсафарони ӯ, ки бештар низомиён буданд, тавассути зинапоя ба киштии мо гузаштанд. Мо онҳоро бо кафкӯбиҳои бардавом пешвоз гирифтем. Дар атрофи Гагарин мардону занон хеле зиёд буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё