Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Мувофиқи барномаи сафар мо як ҳафта дар киштӣ буду бош дошта, ҳатто дар шаҳри Комсомолски соҳили Амур низ ҳуҷраҳои он меҳмонхонаамон мешуд.
Дар роҳи сафар киштии мо дар якчанд минтақа таваққуф намуд ва сокинон моро бо эҳтирому самимият пешвоз гирифтанд.
Ҳоло дар бораи яке аз ин вохӯриҳо сухане чанд гуфтаниям.
Киштӣ ба ҷониби тале наздик мешуд. Роҳбалади мо ба даст сӯйи он ишора намуда гуфт:
- Ин талро Пивен меноманд.
Чун нигаристам фазои ҳамон тал ранги баланди нилӣ дошт ва гӯё ин теппа чашма ё худ фаввораи бузурги нур буду ба гирду атроф аз он нур тақсим мешуд. Мо майлу муроди зиёд доштем, ки ҳарчӣ зудтар ба назди ин чашма бирасем. Киштӣ ҳам магар аз мақсуди меҳмонон огоҳ гашта буд, ки дили беқарори он колбули азимашро ба ҷустию чолокӣ пеш мебурд.
Вале ин манзараи зебои Пивен тӯл накашида, ба зебоии дигаре бадал шуд ва мо ҳам ғарқи он фаввораи нилобӣ нагаштем. Аз сари тали Пивен офтоб намоён шуда, рӯйи мавҷҳои рӯди Амур ва соҳилҳои онро аз партави хеш нури зархалин дод. Киштӣ ҳам гӯё ҳаракати тези худро акнун бефоида пиндошта, суръаташро андак суст карду ба соҳили чапи дарё майл намуд...
Баъзеҳо дар утоқҳои киштӣ хоб бошанд ҳам, аз садои мусиқии мардумони сабзҷазира, ки ба истиқболи мо баромада буданд, бедор гашта, ба тарафи саҳни киштӣ медавиданд. Сокинони деҳаи Нергени Боло нанайҳои бисёре ба соҳил гун омада, бо қафкӯбии бардавом меҳмононро ба ҷазира мехонданд ва сарандозҳои сурхи занон тоқа-тоқа лолаҳои кӯҳистони тоҷикро ба хотири кас меоварданд. Дар сафи пеши мардуми соҳил духтаракони зебои нанай остин барзада, дар дастонашон табақҳо доштанд. Онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё