Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
моро бо моҳибирён, ки аз таомҳои шарифтарину лазизтарин аст, пешвоз мегирифтанд. Дар дасти як гурӯҳ ҷавонон ду-се лаккамоҳии калон буд, ки дарозии ҳар яке тахминан аз як метр зиёдтар меомад. Аҷаб расму оине: дар дигар тарафҳо меҳмононро бо нону намак истиқбол кунанд, дар ин мавзеъ халқияти нанайҳо бо моҳибирён пешвоз мегирифтаанд. Расму оини одамизод ҳам бо шароиту муҳити атроф танзим меёфтааст...
Рӯзе ки киштии мо ба шаҳри навбунёди Комсомолски соҳили Амур наздик шуд, қабл аз ҳама мо дар лаби дарё санги калонеро бидидем. Чунин менамуд, ки ин харсанг мисли паҳлавони таҳамтане буда, ҳоло дар лаби дарё нишастасту бо шаст моҳигирӣ мекунад. Киштиҳои комсомолони бунёдгар дар ҳамин харсанг лангар партофта буданд. Имрӯз киштиҳои меҳмонони аз тамоми давродаври Иттиҳоди Шӯравӣ омада низ дар гардани ҳамин санги азим лангар партофтанд.
Ба муносибати ташрифи меҳмонони ҷашни шаҳри ҷавонӣ дар соҳили рӯд, ки он бо заҳмати ҷавонон имрӯз ба бандари замонавӣ табдил ёфтааст, митинги пуршукӯҳе баргузор гардид. Раиси кумитаи иҷроияи шаҳр меҳмонони арҷмандро хайрамақдам гуфт. Боз якчанд нафар шахсон дар ин ҷо суханронӣ намуданд, лекин дар ёди ман суханони роҳбари мо, котиби дуюми кумитаи комсомол нағз нақш бастааст. Ӯ гуфт, ки ҳамроҳи вакилони Тоҷикистон духтараке омадааст, ки ба шарафи ҷашни Комсомолски соҳили Амур кокулони худро сиву панҷ адад бофтааст. Ин суханон бо қафкӯбиҳои бардавоми ҳозирин истиқбол гардиданд. Ва дар рӯзи дигар ин хабари булаҷаб бо дигар хабарҳо дар рӯзномаҳои шаҳр дарҷ шуд.
Бегоҳии ҳамон рӯз села-села духтарону занони ин шаҳр ба бандар, ба назди киштӣ омаданд ва бо пурсуҷӯ духтари тоҷикро пайдо намуда, бо ҳайрат кокулони ӯро шумориш мекарданд, ки сиву панҷ адад аст ё хайр...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё