Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Бояд зикр намуд, ки дар ин рӯзҳои ҷашн мо ба як силсила корхонаҳо ва заводу фабрикаҳо рафта, дар мулоқоту ҷаласаҳои зиёде ширкат варзидем. Аз ҷаласаю суҳбатҳо таърихи ин шаҳри ҷавонӣ, яъне таърихи қаҳрамононаи Комсомолски соҳили Амур пеши назари ҳар яке аз мо ҷилвагар мешуд. Мо ботинан мадрака намудем, ки дар сарзамини шӯравӣ шаҳрҳои бисёре бунёд гардидаанд. Баҳодури Шарқи Дур Комсомолски соҳили Амур яке аз онҳост.
Ҳар яке аз ин шаҳрҳо симои худ, таъриху шарафи худро дорост. Аммо дар хоки шӯравӣ шаҳрҳое низ қомат афрохтаанд, ки онҳоро тамоми халқ медонад ва дӯст медорад. Дар байни ҷангалистон, дар соҳили рӯди Амур шаҳре офарида шудааст, ки таърихи кӯтоҳ, вале шаъну шарафи умумиҷаҳонӣ дорад. Ин шаҳр ҳақиқатан ҳам Комсомолски соҳили Амур аст. Аслан ин унвон баробари калимаҳои «мардонатӣ», «корнамоӣ», «бунёдкорӣ» садо медиҳад. Номи мубораки ин шаҳр дар ниҳоди калонсолон хотираи панҷсолаҳои аввалини зарбдорро бедор карда, дар дилҳои ҷавонон ба корнамоиҳои падарон эҳсоси эҳтироми самимиро бармеангезад. Бунёди ҳамин шаҳри ҷавонӣ худ сабақи ҷовидонаи мардонатӣ ва бунёдкорӣ барои тамоми наслҳост...
Рӯзҳои иди бунёди шаҳр сокинон ба роҳбарон эҳтиромона муроҷиат намуданд, ки барномаи ҷашн андаке тағйир дода шуда, тантанаҳои расмӣ ва гузашти мардум ташкил гардад, то ки онон кайҳоннаварди нахустини ҷаҳон Юрий Алексеевич Гагаринро аз наздик бубинанд. Пас аз ин пешниҳоди халқ дар майдони марказии шаҳр расми гузашти ботантанаи сокинон ташкил шуд ва онҳо Қаҳрамони маҳбуби худро аз наздик бидиданд.
Дар яке аз рӯзҳои ҷашн Слёти пешқадамони истеҳсолот баргузор шуд. Бисёр номварони кору пайкорҳои ҳамонвақтаи шӯравӣ аз минбари он суханронӣ карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё