Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

Аз ҷумла, Ю. А. Гагарин ҳам суханронӣ намуда, дар хусуси душвориҳои тайёрии касби кайҳоннавардӣ, заҳмати гарони онҳо ва масъулияти ниҳоят баланди дар назди Ватан доштаи кошифони коинот таваққуф кард.

Слёт давом дошт. Пас аз чанде ман ташнагӣ ҳис карда, ба утоқи паҳлуи маҷлисгоҳ баромадам. Дар паси яке аз мизҳо нишаста, аз сифони дар пеш истода об менӯшидам, ки баногоҳ... ба чашмони худ бовар намекардам... Юрий Алексеевич аз дари паҳлуи раёсати слёт баромада, бо ҳамон табассуми дилкаши маъмулаш ба тарафи мизи ман омад. Дарҳол аз ҷой бархоста, Юрий Алексеевичро ба нишастан даъват намудам.

Мо бо дастфишорӣ вохӯрӣ кардем ва ӯ кители низомии ситораи қаҳрамондори худро кашида, дар либосовезак насб кард. Баъди нишастанаш аз суроҳӣ ба ҷом об рехта, ба ӯ дароз кардам. Сипас ман аз ҳаяҷон базӯр вораста (охир бо Гагарин дар атрофи як миз нишастаам!), мувофиқи анъанаи халқамон ин шахси бузург, вале дар айни замон хоксор ва самимию заминиро ба Тоҷикистон ба меҳмонӣ даъват кардам.

  • Муҳтарам Юрий Алексеевич, шумо қариб ба ҳамаи пойтахтҳои ҷумҳуриҳои иттифоқ меҳмон шудаед, вале ба Душанбеи мо то ҳол наомадаед, сокинони меҳмондӯсти шаҳрамон шуморо интизоранд.

Юрий Алексеевич бо ҳамон табассуми базебаш ба суханони ман гӯш карда, чунин ҷавоб дод. Ӯ тавре муносибат мекард, ки гӯё мо шиноси деринаем.

  • Дар бораи зебоии Душанбеи шумо ва кӯҳҳою дарёҳои Тоҷикистони офтобӣ ҳикояҳои бисёр шунидаам. Огоҳам, ки дар бағали кӯҳи Душанбе майдони лижаронӣ мавҷуд аст. Бисёр мехоҳам, ки диёри шуморо бубинам ва он ҷо дар зимистон лижаронӣ бикунам. Пас аз супурдани имтиҳонҳои давлатии Академияи Олии ҳарбӣ кӯшиш менамоям, ки ба Тоҷикистон биёям.
пешина
аз 216
навбатӣ