Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Ин дам якчанд нафар меҳмонон ба мизи мо наздик шуда, ба ҳалқаи мо пайвастанд. Бо ҳамин суҳбати хоси мо қатъ ёфт. Аз ин мулоқот маълум шуд, ки Юрий Алексеевич дар бораи варзишгоҳи Сафедорак хабар доштааст.
Як акси дастаҷамъӣ бо Юрий Алексеевич Гагарин дар альбоми хонаводагиам маҳфуз буда, имзои ин осмонгари дунё ҳам дар дафтари хабарнигории ман барои хотира нақш бастааст. Дар ҳамон акси дастаҷамъӣ духтари сиву панҷ кокулдори тоҷик Муҳаббат Ҳоҷиева дар паҳлуи Гагарин истодааст.
ХОРИҶИЁН АЗ ТОҶИК МЕОМӮЗАНД
Дар суҳбати занбӯриасалпарвари машҳури ҷумҳурӣ ҳоҷӣ Истам Исломов
Истам Исломов соли 1954 дар ноҳияи Хуҷанд (ҳоло н. Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Аз даврони наврасӣ ба корҳои падараш дар занбӯриасалпарварӣ ёрӣ мерасонд. Сипас курси кӯтоҳмуддати ин соҳаро хатм намуда, дар Иттиҳодияи ҷумҳуриявии занбӯриасалпарварӣ ба кор даромад. Иттиҳодия хоҷагиҳои кишварро бо зотҳои беҳтарини занбӯри асал таъмин менамуд. Истам дар ин ҷо якчанд сол занбӯриасалпарвар шуда, баъдан сардори бригада таъйин гардид. Ин бригада ҳамон вақт 750 оилаи занбӯрро нигоҳубин мекард. Бо ҷаҳду талоши Истам дере нагузашта теъдоди оилаи занбӯрони бригада ба 2500 адад расонида шуд. Ҳамкории тӯлонӣ бо мутахассисони пуртаҷрибаи соҳаи занбӯрпарварӣ - раиси собиқи иттиҳодия - Ғиёсиддин Алиев, сардори бригадаи занбӯрпарварон Набиҷон Бобоҷонов, зоотехник, ҳоҷӣ Раҳмат Аҳмадов, духтури соҳаи занбӯрпарварӣ Нуруллоҷон Тошматов барои Истам мактаби ҳунаромӯзӣ гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё