Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

Ҳоҷӣ Истам Исломов ҳамчун занбӯрпарвари номвари диёр дар як қатор намоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаю дипломҳо ва мукофотҳои баланд шудааст.

  • Муҳтарам ҳоҷӣ Истам Исломов! Мағозаи асали «Шифо», ки дар назди меҳмонхонаи «Вахш»-и шаҳри Душанбе кушода шудааст, дар ҷумҳурӣ аввалин буда, ба муносибати ин Шуморо самимона табрик менамоем. Ва хоҳишмандем, ки қиссаи пайдо шудани онро ҳикоя мекардед.

  • Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ман занбӯри асалпарвариро аз падар омӯхтаам. Шукр, қиблагоҳ ҳаштоду дусола ҳастанд ва ҳоло ҳам ба пешрафти касбу корамон маслиҳат медиҳанд. Чил сол мешавад, ки бо ҳамин касб машғул мебошам. Падар дар баробари омӯхтани ин касб аз Қуръони азимушшаън, ояти зерини сураи мубораки Наҳлро борҳо барои ман қироат намудаанд: «Парвардигори ту бо занбӯри асал ваҳй кард, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки месозанд, хонаҳое баргузин. Он гоҳ аз ҳар самаре бихӯр ва фармонбардор бо роҳи Парвардигор бирав. Аз шиками ӯ нушобаи рангоранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ва соҳибони ақлро дар он андешаест». Бо шарҳи каломи раббонӣ падар қайд мекарданд, ки асалро бо дасту дил ва нияти пок истеҳсол намуда, тавассути мағозаҳои махсус ба одамон пешниҳод кардан зарур аст, то мардум аз ғизои шифобахш ба хубию хушӣ баҳравар бишаванд.

Ба ҳамин васила солҳо боз орзу доштам, ки дар пойтахти кишварамон мағозаи махсуси асалфурӯшӣ таъсис гардад.

Ин ҳама орзуҳо дар даврони истиқлолияти Ватанамон ҷомаи амал пӯшиданд. Дар минтақаҳои гуногуни диёрамон ҷашнҳои асал баргузор шуданд, ки он хосатан ба мо, мутахассисону кормандони соҳаи асалпарварӣ ниҳоят писанд омад. Мақсади ташкил намудани ин ҷашнҳо тарғиби

пешина
аз 216
навбатӣ