Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

касби қадима буд. Мо, асалпарварон хурсандем, ки пас аз ташкили чунин ҷашнҳо ҷавонон ба омӯзиши ин касб таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Аслан таърихи ҷашни асал чунин аст:

Шукрона мегӯям, ки моҳи августи соли 2005 дар шаҳри Хуҷанд нахустин бор Иди асал баргузор шуд. Тақрибан панҷоҳ нафар асалпарварони вилояти Суғд дар он ширкат доштанд.

Ҳамин тавр дар таърихи Осиёи Миёна бори аввал Иди асал дар Тоҷикистони азиз, яъне дар Хуҷанди бостон бо ташаббуси шахсии Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барпо гардид.

Бояд зикр намоям, ки то баргузории ҷашни фараҳфизои асал ҳамкасбони ман аз касбу ҳунар ва заҳмати хеле вазнини худ дилшикаста шуда буданд. Зеро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин соҳа аз назарҳо афтода, роҳбарон ба пешравии он аҳамияте намедоданд.

Вақте ки Иди асал бори аввал баргузор гашт, асалпарварон ба ин маърака бо дасту дили гарм омаданд. Бовар кунед, ки мо як шаб то бомдод мижа таҳ накарда гаштаю баргашта идгоҳро назора менамудем ва ба он тайёрии пухта медидем.

Хушбахтона, дар ин ҷашн Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд ва он бо хушию хурсанди гузашт. Сардори давлат ба натиҷаҳои меҳнатии бисёрсолаам баҳои баланд доданд, асали гуворои ба идгоҳ пешниҳод намудаи маро арзишманд ҳисобиданд. Ва барои пешравии кор дастуру маслиҳатҳои хирадмандона баён дошта, таъкид карданд, ки дар шаҳри Душанбе ба хизмати сокинон ва меҳмонони пойтахт дукони асал бунёд созам.

Мувофиқи ин супориши Сарвари давлат ҳукумати шаҳри Душанбе барои мағозаи асал бино ҷудо намуд ва

пешина
аз 216
навбатӣ