Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
ман бо қувваи писаронам — Исмоил, Иброҳим ва Илҳом ин биноро таъмир кардам. Азбаски дар каломи муқаддаси Худованд асал «шифои мардум» номида шудааст, барои унвони мағоза сухани «Шифо»-ро қабул намудем. Ҳамин тавр, орзуи деринаамон — дар пойтахт ташкил намудани мағозаи махсуси асал амалӣ гардид.
Ба ин минвол мағозаи «Шифо» фаъолият дорад ва мо асали давобахши кӯҳии диёрамонро ба харидорон пешниҳод мекунем. Фикр дорам, ки мағоза ба сатҳи пойтахт ҷавобгӯ аст. Аҳолии шаҳри азизамон Душанбе, ҳамчунин бисёр меҳмонони хориҷӣ меоянд ва аз маҳсулоти мо харидорӣ мекунанд. Аз ҷумла, намояндаҳои олирутбаи давлатҳои Русия, Арабистони Саудӣ, Қувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Арабии Миср ва дигар кишварҳо омаданд.
Бояд қайд намоям, ки нархи маҳсулоти мағозаи «Шифо» нисбат ба нархҳои асали бозор 4-5 сомонӣ арзонтар буда, сифати маҳсулот баланд ва ба талаботи озмоишгоҳҳои аврупоӣ ва умуман ҷаҳонӣ мувофиқат дорад.
Дар мағоза асалҳои бисёр ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд. Чи тавре ки маълум аст, дар кишварамон Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии занбӯрпарварон фаъолият дорад. Асалпарварон маҳсулоти худро тавассути ин ассотсиатсия яклухт месупоранд ва моли онҳо пас аз санҷиши дақиқи озмоишгоҳ ба фурӯш пешниҳод мегардад.
Ҳамчунин сад оила занбӯри асали шахсии худро дар қасаботи Зидеҳ гузоштаам. Боз ният дорем, ки дар минтақаҳои Рашт, Тавилдара, Ромит, Файзобод занбӯрҳои худро парвариш намуда, асали беҳтарину шифобахш ба даст оварем ва сипас ба муштариёни муҳтарам пешниҳод созем.
Дар мағоза ба ғайр аз асали кӯҳии табобатӣ, маҳсулоти нодири занбӯри асал, масалан, шири модаршоҳӣ, чанги гул, шилми занбӯри асал, омехтаи шилму асал ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё