Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ғайраро ба фурӯш гузоштаем, ки ин маҳсулот дар муолиҷаи зиёда аз сад бемории ҷисми одамӣ бо муваффақият истифода мешаванд. Бо қудрати илоҳӣ, шилми занбӯри асал ҳатто бемории саратонро муолиҷа ва ҷилавгирӣ менамояд. Дар ин ҷо адабиёти соҳаи занбӯри асал, рисолау дастурҳо оид ба усулҳои табобат бо асал ва маҳсулоти занбӯри асал мавҷуданд. Мо дар ин бобат, ба шаҳрвандон маслиҳату машварат ҳам дода метавонем.

  • Хоҳиш дорам, ки дар бораи рисолаатон «Асал - муъҷиза ва табиби беҳамто» лутфан чанд сухан арза медоштед.

  • Вақте ки мо ин мағозаро кушодем, бисёриҳо дар бораи асал маълумотнома мепурсиданд. Ин пурсуҷӯи одамон маро водор кард, ки дар хусуси ҳамин китоб фикру хаёл намоям. Ба тӯли заҳмати чилсолаи занбӯрпарварӣ бисёр китобҳои соҳавиро мутолиа намуда, барои худ ғизои маънавӣ ҳосил кардаам. Аввалан, аз таҷрибаи падар, омӯзишу ҷустуҷӯҳои худ дар ин соҳа ва ҳамкорон оид ба усулҳои занбӯрпарварӣ таҷрибаи зиёде андӯхтаам. Тамоми маърифатеро, ки дар бадали чиҳил сол доир ба парвариши занбӯри асал ҷамъ оварда будам, дар рисолаи «Асал - муъҷиза ва табиби беҳамто» ба қалам додаам. Ҳадафи ман бо навиштани ин рисола баён намудани хосияти муъҷизавии асал, аҳамияти муолиҷавӣ, усулҳои табобат бо асал ва дигар сифатҳои беназири он ҳамчун даво ба насли одамӣ мебошад. Хулоса, ин рисола барои муштариён маълумотномаи ҷолиб ва пурмафоде гардид.

  • Шумо ҳамчун асалзанбӯрпарвари варзида ва машҳури ҷумҳуриамон ба мамолики гуногуни олам сафар карда, дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намудаед.

  • Бале, алҳамдулиллоҳ. Се сол муқаддам дар шаҳри Хуҷанд нахустин бор ҷашни асал ташкил шуд, асали дар ин ҷаҳон пешниҳоднамудаи камина аз ҷиҳати сифатнокӣ, таъм ва маза ҷойи аввалинро ишғол намуд. Сад шукр, ки

пешина
аз 216
навбатӣ