Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

то имрӯз асали хоҷагии банда ин пешдастиро раҳо накардааст. Баъди ҳамин ҷашн аз тарафи Ҷамъияти занбӯрпарварони ҷаҳон «Апимондия», ки марказаш дар кишвари Италия мебошад, барои ширкат дар Анҷумани асалпарварони олам ба номи ман ва шогирдам Ғолибҷон Султонов даъватнома омад. Ин ҷамъият аз соли 1894 фаъолият намуда, дар атрофи худ олимону мутахассисони забардасти соҳаи занбӯрпарвариро гирд овардааст. Аз мамлаки Осиёи Миёна аввалин бор ба мо, асалзанбӯрпарварони тоҷик насиб шуд, то дар Анҷумани занбӯриасалпарварони ҷаҳон, ки дар пойтахти кишвари Ирландия — шаҳри Дублин барпо гардид, иштирок намоем. Дар ин анҷуман зиёда аз 1750 нафар мутахассис ва асалзанбӯрпарвари пешқадами олам ширкат варзиданд. Ин сафар дар дили ман таассуроти амиқ гузошт, мо аз таҷрибаи ҳамдигар воқиф шудем, навигариҳои кори якдигарро омӯхтем. Масалан, мо дидем, ки қуттиҳои занбӯри асалро аз маводи пенопластика месохтаанд, ҳатто чорчӯбае, ки дар он хонаи занбӯр ҷой мегирад, ҳамон низ аз пластика сохта мешудааст. Ин усули кор ба занбӯрпарвар осону арзон тамом мешавад, зеро қуттию чорчӯбаро ба таври доимӣ истифода бурдан мумкин аст. Дастгоҳи ҷамъ овардани шири модаршоҳиро ихтироъ кардаанд, ки фаъолияти онро мушоҳида намудем. Дар ҳамон ҷо бо бисёр занбӯрпарварони машҳур шинос шудем, аз ҷумла, бо ҳамкасбамон аз давлати Арабистони Саудӣ шайх Файз Муҳаммад ошно гардидем, ки ӯ дар коргоҳи худ 3500 қуттӣ занбӯри асал доштааст. Шайх Файз Муҳаммад маро ба кишвари худ даъват намуд. Баъди сафари Ирландия моҳи декабри соли 2005 бо Абдулфарид Сангинов ном тарҷумон, ки дар асалпарварӣ шогирдам аст, ба мамлакати Арабистони Саудӣ низ сафар намуда, шаҳрҳои Маккаи Мукаррама, Мадинаи Мунаввараро дидем, маносики ҳаҷро ба ҷо овардем. Дар хонаи шайх се моҳ меҳмон шуда, таҷрибаи худро ба он кас

пешина
аз 216
навбатӣ