Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ёд додам. Ин шайх бист нафар коргари соҳаи занбӯр дошта, аз ман хоҳиш намуд, ки дар кишвараш ба муддати тӯлонӣ зиндагӣ карда, ҳунари худро ба онҳо ёд диҳам. Лекин ман дар он ҷо аз се моҳ зиёдтар истодан наметавонистам. Зеро дар Ватан вазифаи муҳим ва пурифтихор доштам. Ҷаноби Олӣ Президенти муҳтарам ҳангоми сафарашон ба Хуҷанд ба ман супориш дода буданд, ки барои зарурати занбӯпарварони ҷавони ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ 400 оилай нави занбӯри асал омода созам. Ба ин ваҷҳ аз сафари Арабистони Саудӣ баргашта, он супориши пурифтихорро иҷро кардам.

Насиб будааст, ки моҳи сентябри соли 2007 дар Анҷумани 40-уми асалпарварони ҷаҳон дар Австралия иштирок намудам, ки он дар шаҳри Мелбурн гузашт. Австралияро қитъаи сарсабз мегӯянд, вақте ки мо ба он ҷо рафтем, дарахтони олуча, себ, шафтолуро ғарқи гул дидем. Ин кишвар ҷаннати рӯйи замин ҳисоб ёфта, хусусан ба занбӯрпарварӣ ниҳоят мусоид будааст. Аз як куттӣ, яъне аз як оилаи занбӯр, агар накӯҷонанд, сад кило асал мегирифтаанд. Ва агар монандӣ мо куттиҳоро ба 7-8 минтақа кӯчонанд, 250 кило асали фурӯшӣ ба даст меовардаанд.

  • Муҳтарам ҳоҷӣ Истам, боиси ифтихори бузурги мо, тоҷикон аст, ки Шумо бародари арҷмандамон дар байни намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, яъне ӯзбекон, қазоқон, туркманҳо, қирғизҳо аввалин шуда, аз тарафи Ҷамъияти занбӯриасалпарварони ҷаҳон «Апимондия» соли 2005 вакил интихоб гардидаед ва дар Анҷумани 39-и занбӯриасалпарварони ҷаҳон дар пойтахти Ирландия шаҳри Дублин ширкат варзидаед. Тавре ки огоҳ ҳастем, Шумо инчунин дар Анҷуманҳои минбаъдаи «Апимондия», ки дар кишвари Австралия (соли 2007) ва дар Ҷумҳурии Украина (соли 2013) баргузор шуда буданд, ҳамчун вакил иштирок намудаед. Табиист, ки Шумо дар ин сафарҳо бисёр воқеаҳоро аз сар гузарондаед. Биноан хоҳиш
пешина
аз 216
навбатӣ