Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

дорем, ки ягон воқеаи фаромӯшнашавандаро ҳикоя мекардед.

  • Хуб, шукран. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба забони русӣ маҷаллаи «Пчеловодство» («Занбӯриасалпарварӣ») интишор меёфт. Ман ба он обуна шуда, мақолаҳои шавқангезашро мутолиа менамудам ва дар бораи «Апимондия» аз саҳифаҳои ҳамон маҷалла маълумот пайдо кардаам. Ва ба тӯли солҳо орзу доштам, ки ба он шаҳрҳои шуҳратманди олам сафар намоям. Бо роҳбарии падари бузургвор меҳнат мекардаму аз даргоҳи Худованди муттаол амалӣ шудани орзуҳоямро илтиҷо доштам. Бо инояти Яздони пок ин рӯзи нек ҳам фаро расид ва ман ба сафари шаҳри Дублин, барои иштирок дар Анҷумани «Апимондия» тайёрӣ дидам. Дар як китоб хонда будам, ки Худои яктои беҳамто олиҳимматонро дӯст медоштааст.

Бо ёрии ҷиянҳо ва набераҳо аз интернет акси президенти «Апимондия»-ро пайдо карда, дар корхонаи қолинбофии Қайроққум қолинеро бо ин акс дар ҳаҷми «2х1» супориш додам. Ва кулчаю асал, пистаю бодомро дар кӯлвор ва қолинро зери бағал гирифта, бо шогирдам Ғолибҷон Султонов ба сафар баромадем. Дар шаҳри Дублин бо бисёр меҳмонҳо шинос шудем, аз ҷумла, мулоқот бо вакилони кишвари Туркия ҳароина хотирмон буд. Вакили турк аз ман пурсон шуд, ки чанд қуттӣ занбӯри асал парвариш мекунам?

  • Чорсад қуттӣ, - ба ҷойи ман Ғолибҷон ҷавоб дод миқдори қуттиҳоро як баробар зиёд карда.

Дар ҳақиқат қуттиҳои занбӯриасали дар ихтиёрдош­таи ман ҳамагӣ дусад адад буданд.

  • Аз они ман панҷоҳ ҳазор қуттӣ! - Бо виқор сар боло кард турк ва нописандона ба сӯям нигоҳе фиканда, аз ҳалқаи суҳбат дур шуд.

«Оқибаташ ба хайр бод», - гуфтам дар дил ва қадамзаниро бо Ғолибҷон оҳиста-оҳиста давом додам.

пешина
аз 216
навбатӣ