Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Анҷуман бо тантана оғоз ёфт, маърӯзаи президент ва музокираи вакилон дилписанду дилпазир буданд, аз кору таҷрибаи ҳамдигар изҳори назар менамуданд. Навбати тақдими туҳфаҳо низ фаро расид.

Мушоҳида намудам, ки он турки викорбаланд, ки соҳиби панҷоҳ ҳазор қуттӣ буд, ба президенти «Апимондия» як туҳфаи назарногири қамарзишеро тақдим намуд. Баъзеҳо ҳатто ба ин туҳфаи қамарзиши вай назар ҳам накарданд.

Навбати супурдани туҳфаи ман фаро расид. Нигарам, Ғолибҷон бо зарурате куҷое рафтааст. Охир ӯ тарҷумони ман ҳам ҳисоб меёфт. Лекин ман оромона аз ҷой хеста, ба саҳна баромадам ва ба мизи президент наздик шудаму дасташро фишурда, ба саҳна кашидам ва як тарафи қолини кулӯлашударо ба дасташ додам. Ҳамин тавр акси президент маълуми аҳли толор гардид. Ҳозирини анҷуман ҳамагон аз ҷой бархоста, қафкӯбии пурмавчи дуру дарозе намуданд. Ман ин қолинро ба президент тақдим кардам, президент қолини кушодаро ба ду нафар ёваронаш дода, маро ба оғӯш кашид ва самимона изҳори ташаккур намуд. Қафкӯбӣ боз ҳам авҷи дигар гирифт.

Президент ба туҳфаи ягон вакил чунин изҳори миннатдорӣ накарда буд, ҳатто ба он турки пастҳиммати викорбаланд, ки панҷоҳ ҳазор қуттӣ доштааст.

Пас аз анҷоми кори анҷуман бисёр вакилон ба назди ман омада, суҳбат менамуданд ва аз кору зиндагиам пурсон мешуданд. Аз ҷумла, он турк ҳам омад ва дигар он викорбаландиаш нопадид шуда буд. Президенти «Апимондия» маро ба зиёфати хоса даъват намуд, вале дар он ҷо турки сармоядор набуд.

Яке аз воқеаҳои аҷоиб он буд, ки қабл аз оғози анҷуман як китоберо аз асалпарвари руминӣ харидан хостам. Китоб ба забони ба ман нофаҳмо бошад ҳам, ният доштам, ки аз суратҳои он барои кори асалпарварӣ истифода барам.

пешина
аз 216
навбатӣ