Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Чун нархашро пурсидам, «чил евро» гуфт. Ба сиву панҷ евро розӣ нашуд ва бо ҳамин савдоамон напухту ба кори анҷуман даъват гардидем. Баъд аз анҷуман ҳамон руминӣ китоби худро «барои хотира» гӯён ба ман бепул тақдим намуд.
Маълум мешавад, ки олиҳимматию одамияти тоҷики орӣӣ ба руминии аврупоимакон ҳам сабак омӯхтааст.
Ҳамчунин кормандони телевизиони шаҳри Дублин бо ман суҳбат ороста, дар бораи Тоҷикистони азиз, фаъолияти занбӯриасалпарварӣ ва кулчаҳо, пистаю бодомҳои барои савғотӣ овардаам саволҳои зиёде доданд, ки ман бо ёрии Ғолибҷон ба ин саволҳо посух гуфтам. Дар охири суҳбат як байтеро, ки дар хотир супурда будам, қироат намудам.
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
ҚАДАМҲОИ ХАСТА ВА ШИКАСТАИ ҒАРИБОН
Кишвари Афғонистон макони миллатҳо ва қавму қабилаҳои зиёде мебошад. Дар ин ҷо аквому миллатҳои тоҷикон, паштуҳо, ӯзбекон, ҳазораҳо, туркманҳо, бадахшониён, қирғизҳо, балучҳо ва ғайра зиндагӣ менамоянд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки дар сохтори ҳукумати ин мамлакат вазорати аквом ва қабоил фаъолияти хеле густурдае дорад. Дар ҳар шаҳр шуъбаи он ташкил гардида, паштуҳои бо гурӯҳҳои калон аз биёбони атрофи Покистон омадаро бо хӯрокворӣ, либос ва ҷойи хоб таъмин менамояд ва баъди таҳияи ҳуҷҷатҳояшон ба самтҳои шимолии мамлакат мефиристанад, то кор ва зиндагӣ кунанд. Фаъолияти чунин шуъбаҳои вазорати аквом ва қабоилро дар шаҳрҳои Ҷалолобод, Қандаҳор, Ҳирот ва дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё