Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

манотиқ бисёр мушоҳида кардаам. Мудири шуъбаи ақвом ва қабоили шаҳри Ҷалолобод – дӯсти ман Гулпоҷо Гӯҷар буд, биноан кору амали ин дастгоҳро хеле хуб медонам.

Ман бо супориши Ҳукумати Шӯравӣ ду маротиба дар кишвари Афғонистон маъмурият доштам: бори аввал солҳои 1969-1972 ба сифати тарҷумон дар лоиҳаҳои шоҳроҳи Пули Хумрӣ–Мазори Шариф–Шибиргон (150 км) ва шоҳроҳи Мазори Шариф–Ҳайратон (74 км, рӯба-рӯйи шаҳри Тирмиз) ва бори дуюм солҳои 1979-1982 ҳамчун афсари башардӯст дар вилояти Нангарҳор – марказаш Ҷалолобод ва бисёр дигар минтақаҳои он дар ҷанги Афғонистон ширкат варзидаам.

Маълумоти дақиқ он аст, ки дар ҳар улусволӣ (ноҳия), шаҳрҳо ва вилоёте, ки он ҷо ман будам ва мушоҳида кардаам, тоҷикон нисбат ба дигарон аксариятро ташкил доштанд. Дар давраи аввали маъмурияти худ дар Афғонистон ман сафҳати шимолии ин кишварро бештар дидаам, ки дар ин минтақаҳо тоҷикон зиёдтар аз ҳар миллату ақвому қабоил зиндагӣ мекунанд. Аз сарҳади шимолии Афғонистон то пойтахти он – шаҳри Кобул саропо макони тоҷикон аст. Шаҳрҳои Талиқон, Қундуз, Файзобод, Бағлон, Пули Хумрӣ, Самангон, Тошқӯргон, Мазори Шариф, Шибиргон, Давлатобод, Ҳирот, Панҷшер ва ғайра макони тоҷикон аст ва бо дастони ҳунарманди онон обод гардидаанд. Албатта, дар ин шаҳрҳо бештар тоҷикон сокин ҳастанд.

Вилояти Нангарҳорро манотиқи паштунишин мегуфтанд, вале ба ҳар улусволии он мерафтаму бо сокинон мулоқот доштам, сипас аён мешуд, ки ҷамоати тоҷикон хеле афзун будаанд. Масалан, дар улусволии Рӯдот, Сурхруд, Қама тоҷикон аксари кулро ташкил менамуданд. Дар ду вилояти атрофи Нангарҳор – вилояти Кунарҳо – марказаш Асадобод (ҳамсарҳади кишвари Покистон) ва вилояти дигаре, ки марказаш шаҳри Меҳтарлом

пешина
аз 216
навбатӣ