Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
аст (зодгоҳи сарояндаи беназир Аҳмад Зоҳир) бештар тоҷикон буду бош доштанд.
Акнун чанд сухан дар бораи ҳуқуқи тоҷикон.
Дар мамлакати Афғонистон тоҷикон ҳамчун табақаи камҳуқуқ ҳисоб меёбанд. Тоҷикон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки «тоҷик» будани худро фош насозанд. Биноан худро «фарҳорӣ», «панҷшерӣ» гӯён маҳфуз медоранд. Соҳиби ягон вазифа шудани тоҷикон ҳам ниҳоят душвор аст ва ҳатто ғайриимкон аст. Тамоми вазифаҳои баланд ба паштуҳо дода мешаванд. Зеро паштуҳо гӯё барои соҳиби тоҷу тахт гардидани Муҳаммаднодиршоҳ, яъне падари Муҳаммадзоҳиршоҳ мубориза бурдаанд. Аз ин рӯ кулли мансабҳои давлатӣ ба онҳо насб мегардиданд. Ва онҳо аз супурдани ҳама гуна андозҳои давлатӣ ва хизмати аскарӣ озод буданд.
Беҳуқуқӣ, бенавоӣ ва саргумии тоҷиконе, ки солҳои бистум, сиюм ва чилум гӯё аз таҳдидҳои инқилоб гурехта, дар кишвари Афғонистон паноҳгоҳи сиёсӣ ёфтаанд, ниҳоят даҳшатнок буданд. Онҳо аслан ягон ҳуқуқ надоштанд. Ҳамчунин ин тоифаи тоҷикон соҳиби як порча замин ва дорои сарпаноҳе набуданд ва дар ягон муассиса ҳам кор намекарданд.
Солҳое, ки ман дар идораи раёсати сохтмони шоҳроҳ аввал дар шаҳри Пули Хумрӣ ва сипас дар шаҳри Мазори Шариф фаъолият доштам, ба назди ман чунин ҳамватанони собиқ омада, худро аз Ғарм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, Фарғона ва ғайра мегуфтанд ва хоҳиш менамуданд, ки бароишон ягон шуглею коре биёбам. Азбаски онҳо аслан касбу маслаки техникӣ надоштанд, танҳо якчанд нафари чунин шахсонро ба корҳои рӯбучини атрофи раёсати сохтмон ва ба вазоифи пиёдаи дафтар (пиёдаи дафтар шахсест, ки номаи хизматӣ ё ягон ҳуҷҷатро ба муассисаи дигар мебарад ва ё аз он ҷо меорад).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё