Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Ронандаи мошини боркаши ягон идора будан ҳам дар Афғонистон мансаби баланд ҳисоб мешавад ва ба ин вазифа ҳатман намояндагони бародарони пашту соҳиб мешаванд. Ва ин ронандагон барои анҷоми хизматҳои худ ва тоза кардани чангу лойи мошин аз қавми тоҷик, ҳазора, ӯзбек ҷавонеро ба кор қабул менамоянд. Ин хизматгор ва нӯқарро «клинар» мегӯянд. Ронанда ба клинар ба тӯли хизмати панҷсола бояд касби ронандагиро ёд диҳад.
Клинари ҳамеша ба савор шудани одамон ва бор кардани чизу чораи онҳо ёрӣ расонда, бояд пас аз ҳама «бирӯ, ба хайр» гӯён ба соғуи мошин савор шавад. Аксаран чунин муомилаҳои панҷсола бе натиҷаи мусбӣ ба охир мерасанд ва клинари бечора бекор мемонад...
Боре дар шаҳри Пули Хумрӣ бо марди наҳифпайкаре вохӯрдам, ки ӯ худро аз рустои Ҳалқаёри собиқ ноҳияи Совет муаррифӣ намуд. Тибқи ҳикояташ солҳои сиюм ҳамроҳи падар ва додараш ба ин ҷо муҳоҷират карда будаанд. Ҳамон солҳои сиюм дар Пули Хумрӣ теъдоди муҳоҷирин хеле зиёд будаанд. Вазири кишоварзии вақти Афғонистон муҳоҷиринро ба таври худ истифода бурдааст. Ӯ ваъда додааст, ки «кулли муҳоҷиринро бо замини обёришуда таъмин хоҳад кард, дар оғоз фақат канал кандан ва ҳамин даштро обшор мебоист кард» вазир бо даст ишора намудааст. Муҳоҷирин бо нону белу каланди худашон ба бунёди канал шурӯъ кардаанд. Ман ва додарам бо падари бузургворамон шабу рӯз канал мекандем. Аз заҳмати бисёр падарам ниҳоят хастаҳол гардид ва як рӯз аз болои пул афтиду миёнаш шикаст. Ӯ дигар аз бистари беморӣ нахест ва пас аз чанде фавтид. Мо ҷасади ӯро ба қабристоне, ки дар доманаи кӯҳи наздикии дашт воқеъ буд, дафн намудем. Дар ин қабристон гӯрҳои муҳоҷирин рӯз аз рӯз зиёд мешуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё