Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Рӯзе фаро расиду сохтмони канал анҷом ёфт ва дашти лабташна обшор шуд, вале он вазири муқтадири дурӯғгӯ ба ягон муҳоҷири муҳтоҷ ва шикамгурусна як ваҷаб замин надода, он дашти бо қувваи ғарибон обшоргаштаро ба хешу табори худ тақсим кард.

Ман ҳанӯз дар хонаи ичора ҳастам ва додарам то ҳол издивоҷ накардааст.

Қабристони муҳоҷирини доманаи кӯҳ, ки ӯ ба ман нишон дод, хеле васеъ шудааст.

  • Мо сахт хато кардем ва ба чоҳи гумроҳӣ афтодем, ки хоки поки Ватани худамонро тарк намуда, ба ин мулки тираю торик омадем, - бо дарду алам гуфт он марди ҳалқаёрӣ дар хотима. - Лекин ҳамон солҳо ягон сарвари ҳирадманди кишварамон ҳам ба майдон наомад, ки соҳибдарак шуда, моро аз ин вартаи бало халос намояд.

Ин вохӯрию сӯҳбатҳои мо солҳои ҳафтодуми қарни гузашта ба амал омада буданд. Пас аз чанде маркази раёсати сохтмони шоҳроҳ ба шаҳри Мазори Шариф кӯч баст ва ман ҳам он ғариби шикастарӯҳро дигар надидам, вале дар шаҳри Мазори Шариф ва атрофу акнофи он ғарибону мусофирони беикболу афтодаҳолро бисёр мушоҳида кардаам. Шарту зарур нест, ки ягон кас гӯяд: ин ғариб аст! Ғариби беватанро аз қадаммонии шикастаю хастааш дарҳол мешиносӣ. Ӯ бекор аст ё дар умри худ ниҳоят кам кор кардааст, зеро кор нест ва фақат аз он хаста аст, ки дар ҳаёташ Ватанро хеле ва хеле зиёд ёд овардааст, бале, хастагии ҳаётбахши вай дар ҳамин аст, дар ёд овардани Ватан аст ва ҳамин ёдоварии ба дилаш як зарра мадоре мебахшад...

Дар рӯбарӯйи бандари Панҷи Поёни Тоҷикистони азизи мо, яъне дар соҳили чапи рӯди Панҷ Шерхонбанди Афғонистон воқеъ аст. Сохтмони шоҳроҳи Пули Хумрӣ-Мазори Шариф-Шибиргон дар ҳамон Шерхонбандар анбори масолеҳ дошт. Давлати Шӯравӣ ба ҳамон

пешина
аз 216
навбатӣ