Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
сохтмон масолеҳ мефиристод ва ин масолеҳ дар ҳамон анбор ҷамъ мегардид. Ман аз рӯйи вазифа қариб ҳар моҳ ба ҳамон бандар меомадам ва амволи дар анбор ҷамъгаштаро санҷида як қисмашро ба зарурати сохтмон интиқол медодам.
Ҳар дафъа дар Шерхонбандар болои баландии соҳили дарё марди афсурдаголеро медидам, ки ҳамеша ба самти ғарб — ба тарафи маҷрои рӯд дуру дароз менигарист. Аксаран дасти росташро болои чашмонаш соябон карда ба дуродур ва ба муддати тӯлонӣ назар мефиканд. Боре ӯро аз наздик дидаму шинос шудам ва фаҳмидам, ки ҳамшаҳрии ман будааст.
- Номам Насриддин, аз деҳаи Гузари Болои шаҳри Қубодиён ҳастам, — гуфт ӯ.
Дар ин ҷо ҳамшаҳрии худро дида, хеле мутаассир шудам. Қабл аз ҳама назарам ба пойафзолаш афтод. Ӯ ба пойҳояш чаплии тайрии худсохтеро пӯшида буд. «Чаплӣ» ба забони пашту буда, попӯшҳои сабукро гӯянд ва дар шеваи баъзе минтақаҳо онро «шиппак» меноманд.
Одатан ронандагон покришкаҳои сӯрохшудаи мошини худро мепартоянд. Мардуми кашшоку бенаво чунин покришкаҳоро аз ҳар ҷо пайдо намуда, ҷойҳои ободи онро ба таври чоркунҷа мебаранд ва аз як гӯша ба гӯшаи дигараш ба шакли ҳарфи «Х» нӯгҳои тасмаро мезананд ва он «чаплии тайрии худсохт» мешавад. «Тайр» калимаи англисӣ ва маънояш «покришка» буда, дар гуфтугӯи мардуми кишвари Афғонистон хеле муравваҷ аст. Бисёр сокинони ин мамлакат ҳамин чаплии тайриро фаслҳои баҳору тобистону тирамоҳ бидуни ҷӯроб пӯшида, дар фасли зимистон барои ҳимоя аз сардӣ бо як ҷӯроби одӣ қаноат мекунанд.
Вазъи иқтисодии ҳамшаҳрии ман аз чаплии тайриаш маълум буд. Ба ӯ ёрӣ расонидам, ки аз баҳри ин чаплиаш гузарад. Ёрмандии дигарам вайро бисёр хурсанд намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё