Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
бошад. Чуноне ки шоири зиндаёди миллат Лоиқ
Шералӣ навиштааст:
Эй табиат!
Рӯзи дафнам
Боз як он зиндаам кун,
То бидонам дӯстонам дар чӣ ҳоланд
То бигӯям дар азои ман наноланд.
Ҳар гоҳе, ки мо вориди утоқи кории кормандони хоҷагии ҷангал ва боғи маданиву истироҳатии «Ғалаба»-и Ҳукумати шаҳри Душанбе мешудем, доим Маҳкам Ҷӯраевро серташвиш ва дар такопӯ дидем. Ӯ доим куҷое равон асту паи анҷоми коре шитоб дорад. Охир ҳам супоришҳои Ҳукумати шаҳру ҳам Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ва талабот як – бояд коре карда ҷангал ҳифз шаваду ниҳолон беҷурм нашъунамо ёбанд. Барои он ки гову моли бесоҳиб дар хоҷагӣ пайдо нашавад ё дарахтонро набуранд шабу рӯз заҳмат кашидан лозим меояд.
Дар ин роҳ Маҳкам Ҷӯраевро ёру дӯстон, ҳамкорон ёру мададгоранд.
Солҳост, ки бо кормандони Парки миллии
Тоҷикистон Кокул Касирову Шодибек Қурбонов
ҳамкорӣ дорад ва бисёр масъалаҳои муҳимро
якҷоя ба анҷом расондаанд.
Хоҷагии ҷангал дар 740 гектар доман паҳн

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё