Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
кардааст ва дар он 129 нафар кору фаъолият доранд. Дар се қитъа беш аз 50 ҳазор долу дарахтони сарсабз шинонда шудааст, ки бисёр навъи ниҳолон нодиру камёфт буда дар натиҷаи заҳмати доимии кормандони ҷангал ба шароиту иқлими ин мавзеъ мутобиқ шудаанд.
Рӯзҳои якшанбе Маҳкам Ҷӯраев дар боғи Ғалаба давр зада баъди тамошои ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба тамошои дастниҳолонаш мешитобад.
Боғоту чаман хаёле имрӯз тозаву муаттар шудаанд. Аз баргу пояи онҳо селаи ҷумчуқҳо ба парвоз омада, наздики акаи Маҳкам нишаста сурудхонӣ доранд. Суруди ҷумчуқҳоро касе намефаҳмад. Хаёле онҳо ба ҳомии дашту ҳомун, посдори ҷангалу табиат Маҳкам Ҷӯраев арзи миннатдорӣ доранд ва хоҳони онанд, ки чунин одамони нек умри дарозу осуда бинанд.
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Маҳкам Ҷӯраев низ марди ҳимматпеша, саховатпешаю накӯкор аст, дар мавриди мушкилӣ ба ҳама дасти ёрӣ дароз мекунад. Ҳаққу ҳамсояҳо, наздиконаш хуб медонанд, ки дар ҳар пастиву баландии, ғаму шодӣ акаи Маҳкам дар паҳлӯи онҳост. Зеро эътиқоди вай ба оини ҳамсоядорӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё