Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Хизмати роҳбарони ҳамонвақтаи Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Назар Додхудоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Маҳмадулло Холов, Виктор Новичков ва дигарон арзанда аст.
Ҳамон давра дар хоҷагии ҷангали Қамчин пойгоҳи обкашӣ ташкил гардид, ки бо қувваи вай 500 гектар замин обшор мешуд.
Ҳамон вақт хоҷагӣ дар ихтиёри худ 450 гектар замини киштбоб дошт, ки дар он ниҳолони себ, биҳӣ, анор ва дигар зироатҳо парвариш меёфтанд. Дар 350 гектар майдон бошад, ангур доман паҳн карда ҳар сол ҳосили фаровон ба даст меомад. Он айём баробари пешрафту ободонӣ проблемаю мушкилотҳои мухталиф пеши корро мегирифт. Моҳи июли соли 1973 дар натиҷаи садама, фурӯравии замин дар хоҷагии ҷангал 13 нафар ба ҳалокат расид. Ба амал омадани ин ҳодисаи ноқулай аз ҷониби ҳукумат омӯхта шуда мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор дошт. Дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи камбудию нуқсонҳо бартараф шуда корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ шӯҳрати пештараи хоҷагии ҷангали Қамчинро ба даст овард. Хоҷагӣ торафт васеъ гашта, ҳайати роҳбарии хоҷагӣ бо мутахассисони варзида пурра гашт. Дар назди кормандони хоҷагии ҷангал вазифа меистод, ки ҳар сол беш аз 120 ҳазор ниҳолҳои гуногун шинонанд. Ҳамин тавр, дар муддати шаш сол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё