Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

зиёда аз 600 ҳазор ниҳолу дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда шинонда шудааст. Ҳамон давра хоҷагӣ дорои базаи мустаҳками илмӣ – техникӣ гашта, бо нақлиёту воситаҳои дигари муҳим таъмин буду ҳар сол аз иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ сари вақт мужда мерасонид.

Ба ғайр аз нигоҳубини ҷангал боз ҳар фасли тобистон хоҷагии ҷангали Қамчин даҳҳо тонна маҳсулоти тару тозаи мевагӣ ба сокинони пойтахт, меҳмонон пешкаш менамуд.

Маҳкам Ҷӯраев аз собиқадори меҳнат Ҳаким Раҳмонов, ки ҳоло давлати пирӣ меронад, ёдовар шуда, чеҳраи ёрӯ дӯстонашро, ки дар гӯшаю канори гуногуни кишвар кору фаъолияти пурсамаранд, ба хотир оварда табассум кард. Зеро ӯ худро фарзанди Тоҷикистони азиз медонад, одамонеро ки маҳалбозу гурӯҳбозанд, бад мебинад. Ақида дорад, ки панҷ панҷа як хел нест ва барои ҷумҳурии соҳибистиқлол бошад, шарти асосии пешрафту шукуфоӣ, сулҳу ваҳдат дар дӯстӣ, якдигарфаҳмии одамон мебошад. Ва шукргузор аст, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов диёру ватани маҳбуб рӯз то рӯз ободу зебо мешавад.

– Фаъолияту зиндагии мо дар рӯи замин таъриху китоби нохонда аст, – мегӯяд Маҳкам Ҷӯраев. Дар ин пайраҳа танҳо меҳнати ҳалолу садоқатмандона ба нафъи ватан – обу хоки диёри муқаддас зарур

пешина
аз 82
навбатӣ