Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
асту халос. Дар ин роҳу қисмат танҳо таҷрибаи рӯзгор, ҳаёти чун оинаи мусаффо роҳкушои кас мегардад. Ин дам акаи Маҳкам байти Абуабдуллои Рӯдакиро боифтихор такрор кард:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Ҳоло ҳам Маҳкам Ҷӯраев монда нашуда меҳнат мекунад. Соҳиби таҷрибаи рӯзгор, собиқаи чиҳилсолаи корӣ асту ҳанӯз аз меҳнату заҳмат рӯй наметобад. Дар қатори ҷавонҳо дучанд кору фаъолият дорад. Зеро ӯ дар хона нишастанро ба худ эб намебинад. Ҷои худашро дар корзор паҳлӯи шогирдон мебинад.
Меболад, ки мурғи бахташ ба парвоз омада болои кӯҳу дара, ҷангалистон бол кушодааст. Ӯ долу дарахтонро дастафшонӣ карда завқ мебарад, мондашавиро фаромӯш мекунад.
Ин вақт агар нигоҳатон ба Маҳкам Ҷӯраев афтад ӯро чӣ қадар хушбахту болидарӯҳ дармеёбед. Зеро ҷангал, кӯҳу дара, боғоту чаман саросар гул карда, ниҳолакон назаррабоӣ доранду хаёле ҳамин худ Маҳкам Ҷӯраевро сӯи хуршеду нур ҳидоят доранд. Ҳидоят ба умри ҷовидон, умри дарахтони ҳамешасабз, ки муғҷаи онҳо хаёле дар қалби акаи Маҳкам шукуфтааст. Гул кардааст, чӣ қадар зебост, мисли рӯзгори наҷиби Маҳкам Ҷӯраев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё