Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Экология
Аз аввал хонданШаҳобиддин Шуҷоъ
БОҒБОН
Ҳар як дарахти боғи падар додарӣ ман аст.
Ҳар нахли боғ ҳамчу падар сарвари ман аст.
Ин шоҳаҳо, ки соя фиканданд ҳар тараф,
Чун дастҳои гарми падар бар сари ман аст.
Ҳар як дарахти боғи падар соябони ман,
Сабзида решаҳояшон дар ҷисму ҷони ман.
Сарсабзу сарбаланд, гулафшон борвар,
Гӯё давоми умри падари боғбони ман.
Ҳар як дарахти боғи падар мутаккои ман,
Ҷо гаштааст меҳрашон дар лобарои ман.
Ин шоҳаҳои сабз зи сарсабзиям гувоҳ,
В-он шоҳаҳои хушк шавандам асои ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё