Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Гулмаҳмади Давлатёр
корманди Кумитаи Давлатии
ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии
ҷангали ҶТ
СЕ ЛАҲЗА БО АКОИ МАҲКАМБОЙ
Рӯзе дар кӯча дӯсти фозилам Муҳаммад-ризоро дидам. Пас аз ҳолу аҳволпурсӣ гуфт, ки дар такопӯи ҷашни амаки Маҳкамбоем. Дӯстону наздикон тасмим гирифтаанд, ки барги сабзе нисбати он кас омода созанд. Шояд лаҳзаи дидор бо ин марди шарифро рӯи қоғаз орӣ?
Ростӣ ин хабару пешниҳод хушам омад, зеро бо ин инсони некдилу некмаром таи бист сол аст, ки шиносӣ дорам...
Соли 1986 мо пас аз хатми мактаби миёна ба пойтахт раҳсипор гардидем ва ман ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи ховаршиносии Донишгоҳ супорида, ба супоридани имтиҳоноти қабул омодагӣ гирифтам. Он вақт ман дар кӯчаи Помири Кӯҳдоман дар хонаи акоам Муллоназар зиндагӣ мекардам.
Рӯзе Муҳаммадризо ба ман пешниҳод намуд, ки биё ба хонаи як дӯстам - Маҳкамбой меравем. Ман туро бо ин инсони бузург шинос менамоям. Мо дар ду тараф аз ҳавои салқини бегоҳирӯзӣ ҳаловатбарон ба боғи Ғалаба, хоҷагии ҷангали «Қамчин», ки ҳавлии Маҳкамбой дар он ҷо воқеъ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё