Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

манзараи тамоман дигар, аҷибу ҳайратангезе мебинӣ: боғи рангину заъфаронӣ... Баргҳои хазони дарахтон аз сармо хушкида якбора мерсанд. Он вақт аз дур чунин метобад, ки сару байни шоҳаҳо села-села зоғҷаву майна аз омаду омади зимистон бедимоғу хомӯш нишастаанд. Вале назники наздик омада мебинӣ: сару байни шоҳаҳо ҳамел-ҳамел хӯшаҳои хурду бузурги ҳарранги ангур овезон аст. Эҳе, ана ангуру мана ангур! Шириниву лаззаташ шаҳду асал... Умр вафо кунад, он вақт бо ҳам меоем ин ҷо... (244 калима)
Абдулҳамид Самад

22
Пайвандакҳои матнро аниқ созед ва нависед.

ФАЗОИ РОҲАТБАХШ ВА РӮҲНАВОЗ

Дилёб машк таги новадони заранг, ки аз дили регу санги чигарранги бехи дарахти бузургтанаи девдор бо ғӯлгулаву валвала мебарояд, ниҳод. Ӯ хост, ки танаи машк сарди сард шаваду обаш то назди даравгарон зулолу гуворо бирасад. Оби ин чашма аз байни қабат-қабат кулол, регу санги теппа захидаву полида ба худ ранги нафиси аргувонӣ гирифта дар назари аввал гилолуду ғализ метобад. Вале чун ба зарфе ё косаи рехтӣ, дар ҳайрат мемонед: софу шаффоф... Ва дар баробари поку мисли ях сард ва тунуку ширин будани обаш одамон боз аз он дар ҳайрат меафтанд, ки лаззати оби шибари ин дараҳо, ки дар масофаи ҳашт-даҳ қадам аз чашма дуртар ҷойгиранд, тамоман дигар хел аст: яке гарму шӯр, дигаре гаҷолуд. Ва ин ба назар асрори ниҳону мӯъҷиза менамуд... Анбӯҳи буттазору дарахтони тановари фарку сафедор, беду девдор, дулонаву себҳои ҷангалӣ шабеҳи чатри бузурги сабзфом болои теппа домон густурда, чашмаро чун ганҷи пурбаҳо дар мағзи ҷону оғӯши худ нигоҳ медоранд. Кас аз байни ғаллазор, албатта, зери нурҳои сӯзони хуршед сару гардан арақшор, баробари ба иқлимаки форам, сояи ғафсу шамолакдор расидан тану ҷонаш дар ҳаловат, димогаш аз бӯйи гулу гиёҳ муаттар, гӯш аз чаҳ-чаҳ ва хониши мурғону шир-шир рехтани оби чашма аз

пешина
аз 275
навбатӣ