Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шӯриши Восеъ яке аз калонтарин шӯришҳо буд, ки он меҳнаткашонро муттаҳид гардонд. Халқи тоҷик дар ин шӯриш аҳлона ширкат варзид.

Шӯриш пахш шуда бошад ҳам, рӯҳи халқ пахш карда нашуд. Халқ тавассути шеъру сурудҳо муборизаи худро давом медод. Умуман, дар романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода ҳаёту муборизаҳои халқи тоҷик пурраву возеҳ тасвир ёфтааст. Чунин буд ҳаёти халқи тоҷик дар замони амирӣ дар Бухорои Шарқӣ. (206 калима)

Аз китоби «Ҳунари иншонависӣ»-и Абдусамади Мулло, Маҳмадшарифи Рустам

21

Ҷумлаи якумро таҳлили сарфӣ кунед.

БОҒИ САРСАБЗ

Дилёб ба вусъати боғ назар афканд. Дар як порча замини нишебрӯя, ки тарҳи пурпечу дарҳам рехтаи шиғу тавора чун ҳама боғҳои қадимаву бесоҳиби кӯҳистон гирдогирди он ҳанӯз намоён мебошад, хел-хел дарахтони хурду бузург зери бори баргҳои сабзу меваҳои рангобаранг гӯё дар андешаву сукуте фурӯ рафтаанд. Ниҳолҳо дар канор ва гӯшаҳои корнопоями замин аз ҳамдигар дур, лек батартиб шинонда шудаанд, то пас аз солҳо бо реша, шоҳу нажда ва сояи бузургашон мазраи киштбобро пахш, танг ва камҳосил накунанд. Дарахтони азими санҷиду зардолу ва ягон-ягон туту бед, ки ба онҳо ток печидааст, ҷониби нишебии пушти боғ ҳам хӯрдаву шоҳу нажда давонида, ба замин осебе намесонанд. Ба ростӣ, чашми кас аз дидани хел-хел олуболу, ангуру себ, амруду нок, хучу кӯксултон, бодому зардолу, думи рӯбоҳаку шафтолу, буттаҳои зелолу бушол об мехӯрад.

– Бубин, ба як таноб замин чи қадар дарахтро ҷой додааст. Чанд навъи ангур, чанд намуди олуҷаву себ... Ҳм, авчи баҳор олам ин ҷо гулпӯшу гулистон аст. Тирамоҳ баъди як-ду борон ё барфаки аввал ба ин тараф гузарат афгал,

пешина
аз 275
навбатӣ