Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Кадом навъи ҷумлаҳои пайрав будани ҷумлаҳои мураккаби матнро муайян кунед.

ДУШАНБЕ

Душанбе маркази бузурги фарҳанги тоҷик ва тамоми тоҷикони Осиёи Миёна ва ҷаҳон мебошал. Дар ин ҷо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон амал мекунад. Театрҳои зиёди миллӣ, аз қабили театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият доранд. Дар Душанбе китобу рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде ба чашм мерасанд. Имрӯз Тоҷикистон истиқлолияти комили давлатию миллӣ ба даст овардааст, ки барои халқи тоҷик хушбахтии бениҳоят бузург аст. Акнун Душанбе на ин ки маркази як ҷумҳурии иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳоло дар Душанбе мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон сафоратхонаҳои худро кушодаанд. Ин омил дар ояндаи наздик сабаби он мегардад, ки обрӯи Душанбе дар арсаи байналхалқӣ хеле афзун бишавад.

Ҳамин тариқ, аз охири асри нуздаҳ то ба имрӯз, ки қариб сад солро дар бар мегирад, Душанбе аз як деҳаи хурду назарногир ба дараҷаи шаҳри бузург расида, роҳи бошараферо тай намудааст. Акнун ки Душанбе ба пойтахти давлати соҳибистиқлоли аъзои Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфтааст, роҳи бошарафи оянда онро интизор аст. (155 калима)

Аҳмад Абдуллоев ва дигарон

пешина
аз 275
навбатӣ