Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Матнро хонда, ҷумлаҳои мураккаби пайвандакдорро муайян кунед.
ДӮСТОНИ БАЧАГӢ
Онҳо бо чунин суханон хандида-хандида аз дарвоза берун меоянд. Ва беихтиёр тавакқуф намуда, фурсате сукут меварзанд. Гӯё баногоҳ худро дар як олами ноошно мебинанд. Гӯё намедонанд дар ин нимторикии шабоҳанг ба ҳам боз чӣ гӯянд, дигар аз кадом боб ҳарф зананд... Маҳин мерасад садои борони майда, борони сарди шоми зимистон. Дар кӯчаи ҳоло хилват, ки ба ду тараф вазнин тӯл кашидааст, аз симчӯби пеши баъзе ҳавлиҳо ҷо-ҷо равшанӣ медавад. Деҳа хомӯш, ба ҷуз гиряи аламноки борон ғайра овозе намепечад ба он. Аз чӣ бошад, Нозилҷон модари куҳансолашро нохост ба худ тасаввур намуда, қомати наҳифи ӯро дар пушти тиреза мебинад – чашмаш чер, яқин раҳ мепояд кампир, раҳи ягона писар... Ҳотамбек тар шуда, эҳтимол хунук хӯрда, дастонашро ба остинҳои ҷома меандозад. Исматулло як сурфида, пойҳояшро монугир мекунад. Ва дӯстон, дӯстони айёми беғаши бачагӣ, бо чанд сухани дар ин гуна мавридҳои хайрухуш зарурӣ ба се ҷониб рӯй оварда, аз ҳам ҷудо... ҳар кадоме ба хилвати худ мераванд. (157 калима)
Саттор Турсун
7 Матнро хонед ва ҷумлаҳои онро бо тартиби зерин нависед:
а) пайваст; б) тобеъ.
БӮСТОНСАРО
Ҳаво дар ин ҷо муддати як ҳафта нарм ва офтобӣ буд. Боғи бавусъати атроф комилан сарсабз, моломол аз насими атрбези баҳорон ва бисёр дилнишин... Гӯё мехост на фақат ба зиндаҳо фараҳ бахшад, балки ӯ дар колаби мурдаҳо низ ҷон ато кунад. Аммо ду рӯз муқаддам шабонгах тӯфони сахт бархеста, шоҳборони шадид рехт. Ба дараҷае, ки чандин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё