Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Хати роҳат ҳам яксон аст. Бо як роҳ такрор ба такрор меравию меой. Тани танҳо меравию меой. Зиндагии қолабиатро ҳам андаруни чорчӯбаи якранг сириштаанд. Бо ҳама зебоият такрори такрорҳои маҳтоб! Сӯхтану сохтанҳо бароит бегона аст. (151 калима)

Бароти Абдураҳмон

16

Воситаи алоқаи наҳвии байни сарҷумла ва ҷумлаҳои пайравро муайян намоед.

БӮИ БАҲОР

Ман аз фарози теппа боло меҳазаму дар ин ҷангали анбӯҳу ҳавлангез ҳикмати аҷиби зиндагӣ бароям ошкор мегардад. Сабзаҳо ҷо-ҷо аз қабати барфи тунук қад мекашанд, сабзаҳои нахифу бармаҳали фасли зимистон. Онҳо оҷизона талош доранд ва пешашон синаи сарди заминро дарида, сӯи дарёи равшану пур аз муъҷизаҳо меёзад. Мебинам, ки гунҷишқакон дар ҷустуҷӯи риск чор тараф парвоз мекунанд, ба тани набдаю шохаҳои муғҷабастаи пурхор нӯл мезананд, шамоли сарду дайду шохаҳои дарахтҳоро меафшонад, зимистон бо ҳама шӯкӯҳу савлаташ кӯч мебандад... Мебинам, ки зоғҳо қоҳилона бол афшонда, села-села сӯи мулкҳои сарду барфистонҳои бегазанд пар мекашанд. Мебинам, ки офтоб мадор мегирад, нурҳояш тани дарахтони урӯну шохаҳои беҳосилро навозиш мекунад. Хоки нарму ковок ноаён бедор мешавад, аз заминҳои шудгор ҳавр мехезад ва песабарфҳо нафас ба нафас об мешаванд ва ман дур аз шаҳр, дар ин хилватгоҳи сокиту беодам бӯи баҳорро эҳсос мекунам. Бӯи рӯҳнавозу ошноеро, ки аз кӯдакӣ ба димоғам нишастааст ва борону гундару абрҳои саргардонаш ёру ёварони бачагии монанд... (157 калима)

Бароти Абдураҳмон

пешина
аз 275
навбатӣ