Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Аъзоҳои ҷидаро дар ҷумлаҳои матн ёбед.
САХОВАТИ МАРДУМ
Он зимистон дар Душанбе барф як маротиба меҳмон шуд, барфи тунук. Баҳор низ нарм омад. Вале аз ҳама муҳимаш, ман дар сари қавл устувор истодам ва то хатми донишгоҳ аз он воқеа пеши модараму хешон лаб накушодам.
Қатори мошинҳо ба мавзеи Садбаргҳо, ба маконе ки мисли тахт ҳамвору баланд аст ва водии Ховалинг то дуриҳои чашмрас чун дар кафи даст аз ин ҷо менамояд, равонанд.
Сари роҳ мардуми ҳар деҳ бо сӯзаниву қолии хонаҳои рамзӣ сохта, рӯи кату хонтахтаҳо дастархон густурда, онро бо фатиру кулчаҳои гуногун ва косаҳои пури ҷурғоту саршир, пиёлаҳои пурмаскаву асал, меваҳои рангоранг оро дода. Ҳар як хон аз дигаре афзалият дорад. Худоё, дар ин айёми тангдастиву мушкил мардум чӣ ҳиммату саховате нишон медиҳанд; чеҳраҳои хандону лабҳои пуртабассумашон ба мо мегӯянд: на шикастаему на рехтаем. Марҳабо!... Хонандагон чашм аз нури шодӣ рахшон, бо гулдаста ва суруду мусиқӣ пешвоз мебароянд. (142 калима)
Абдулҳамид Самад
18
Нақши аломатҳои вергул ва нуқтавергулро дар матн шарҳ диҳед.
САРОЙ
Сарой як хонаи мустаҳками синҷисохти долондор, бо сутунҳое аз чӯби арча, раву болорҳо аз чӯби ар-ар ва дастаку вассаҳояш аз чӯбҳои фарку бед, бо дар ва равзану тиреза хушку холӣ не, андарунаш палосу чанд пӯсти ошдодаи бузу гӯсфанд, оташдон, дегу офтоба, табақ, қафлесу ҷумчаҳо, корд, шишаи пилтачароғи то нисф пури равғани замин, дар тоқи секунҷа шамъдон, сангӣ оташзана, дар халтачае орд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё