Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

кунад. Соли гузашта ту аз ман дусаду панҷоҳ танга қарздор шуда будӣ, ба нияти тӯй ҳосили ваъдашударо ҳам дода натавонистӣ; ин ҳам аз дусаду панҷоҳ танга зиёдтар мешавад, хуб зиёдатиашро ҳам тӯёна гӯён бахшем, қарзи куҳнаат панҷсад танга мешавад. Ба болои ин қарзи наватро зам кунем, ҳамагӣ мешавад маблағи ҳазор танга. Ин маблағи хеле калон аст, ба бадали ин маблағ заминҳоятро ба ман хати шаръӣ карда доданат даркор аст. Ба худат маълум, ки ман як одами бозоримам, баззозӣ дорам, қарзу қабола дорам, доду муомила дорам. Бинобар ин, як маблағи калонро ба ҳосилгарав карда гирифтани замин, ки ҳосил додани он вобаста ба толеъ аст, банд карда наметавонам. Албатта, ман фоидахӯр нестам ва ҳаром будани фоидаро ҳам хуб медонам. Бечора ва нотавон шудани туро ҳам медонам; бинобар ин, ба ин пул монандӣ судхӯрони муқаррарӣ фоидаи зиёд намемонам, танҳо моҳе ба ҳар як тилло ним танга, ба сад танга дуним танга ва ба ҳазор танга ҳар моҳ 25 танга фоида доданӣ шавӣ, басу зиёдатист. Барои халос шудан аз гуноҳи рибохӯрӣ заминагро хати шаръӣ карда, боз ба худат ҳар моҳе ба 25 танга иҷора мемонам...

Бозор аз шунидани ин таклифи бой хоб буд бедор шуд, маст буд ҳушёр шуд ва фарқи сараш яла шуда, акнун донист он ҳама «дилсӯзӣ»-ҳои бой ва далолатҳои арбоб ба тӯй кардан барои чӣ будааст, чашмаш сиёҳ рафт, замину осмон ба назараш сиёҳу торик менамуд. Ҳарчанд фикр мекард, барои халосӣ аз ин дом чорае намеёфт. (419 калима)

Садриддин Айнӣ

4

Воситаҳои алоқаи наҳвии ҷумлаҳои мураккаб (оҳанги талаффуз, пайвандакҳо, мутобиқати шаклҳои феълӣ, тартиби ҷумла)-ро изоҳ диҳед.

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки бозаргоне бо андак моя* ба сафаре мерафт. Ба тариқи дурандешӣ сад ман оҳанро дар хонаи дӯсте

пешина
аз 275
навбатӣ