Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

— Ман дирӯз, ки аз манзили ту берун меомадам, ба ин сифат, ки мегӯй, кӯдакеро дидам, ки мушгире* ӯро бардошта, парвоз карда, дар рӯи ҳаво мебурд.

Мард фарёд баровард, ки «эй бехирад сухани муҳол чаро мегӯй, мушгире, ки тамоми ҷуссаи ӯ ним ман* набошад, кӯдакеро, ки ба вазн даҳ ман бошад, чӣ гуна бардорад ва ба ҳаво парад?». Бозургон бихандид ва гуфт:

— Аз ин ҳайрон нашав. Дар он шаҳр, ки муше сад ман оҳанро хӯрда тавонад, мушгире низ кӯдаки даҳ манро ба ҳаво бурда метавонад.

Мард донист, ки ҳол чист ва гуфт:

— Ғам махӯр, ки муш оҳанро нахӯрдааст.

Хоҷа ҷавоб дод:

— Дилтанг мабош, ки мушгир писаратро набурдааст, оҳан боздеҳ ва кӯдакро биситон. (369 калима)

Ҳусайн Воизи Кошифӣ

ЛУҒАТ

моя — сарват, мол

полуда — ширинӣ, шарбат

мушгир — номи парандаи хурдест

ним ман — дар истилоҳи куҳан ба 423 грамм баробар аст

5

Ҷумлаҳои мураккаби матнро ба ду гурӯҳ — пайваст ва тобеъ ҷудо кунед.

САЁҲАТИ МУЛКИ ҲИНД

Деҳлӣ шаҳри муъҷизаҳост. Сари ҳар қадам осори аҷоибу ғароиби таърихӣ ба чашм мерасад, вале пайдо ва зиёрат кардани оромгоҳи ҳазрати Бедил моро ором намегузорад. Ҳангоми кӯчаву хиёбон, гулгашту чаманҳои Деҳлиро дидан бузургвороне чун Амир Хусрав, Ҳасани Деҳлавӣ ва Зебуннисо пеши назар меомаданд. Оре, замоне ин диёр манзилгоҳи садҳо абармардони илму адаби форс буд ва тӯтиёни ҳинд аз лаҳни шакарини форсӣ сармасту ғазалхон.

пешина
аз 275
навбатӣ