Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд. Бояд қайд кард, ки
дар ин самт кӯшишҳои бевоситаи роҳбари давлатамон
Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии
аҳолии деҳот ва таъмини шароити мусоид, бахусус
манбаъҳои обёрикунанда барои ривоҷи соҳаи кишоварзӣ
хеле назаррас мебошад. (422 калима)
Аз китоби «Ҳунари иншонависӣ»-и Абдусамади Мулло,
Маҳмадшарифи Рустам

12 Ҷойи сарҷумларо нисбат ба ҷумлаи пайрав муайян кунед.

ЗАБОНИ ТОҶКИРО ДӮСТ БИДОРЕМ

...Хидмати устод Рӯдакӣ дар инкишофу таҳкими забони тоҷикӣ ниҳоят бузург аст. Гап дар сари он аст, ки хилофати араб дар сарзаминҳои тоҷикнишин зиёда аз дусад сол ҳукмронӣ намуд. Дину ойину фарҳанги хешро таҳмили дигарон кард. Сарвати маънавии мардум — китобхонаҳо сӯзонида шуданд. Ин зулму тааддӣ то асри IX идома дошт.
Вале арабҳо натавонистанд фарҳангу адаби моро аз байн бибаранд. Фарҳанги мо болотару ҷонсахттар аз фарҳанги араб ҷилва намуд.

Шоирону боистеъдоду ватандӯсте мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вориди майдон шуданд ва бо ашъори хеш забону фарҳанги куҳани форсиро аз нав зинда намуданд. Меҳру муҳаббат ба ин марзу бум, намунаҳои адабии тоисломӣ, расму ойини пешин дар замири қалбҳои мардум фурӯзон буд. Мардум забони модарии худро, шеъри хешро, шаъну шарафи худро ҳифз намуда буданд.

Бузургии Рӯдакӣ дар он аст, ки ӯ асолату ширинии ин забони муқаддасро бо шеъраш аз нав зинда сохт. Аз замони зиндагӣ ва эҷоди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қарнҳои муттамодӣ сипарӣ шудаанд. Дар хилоли асрҳо перомуни ин забон ва шоҳасарҳои он баҳсҳои зиёде сурат гирифтааст. Китобу мақолоти сершуморе ба чоп расидааст. Вале ҳақ ба ҷониби шоири тавонои мо устод Муъмин Қаноат аст, ки мегӯяд:

241

пешина
аз 275
навбатӣ