Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
лошакк – бешакк, бешубҳа
мункасим – тақсимшуда, ба қисмҳо ҷудо кардашуда
ҷадд – падари падар, бобо
15 Гӯед, ки дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҷумлаи пайрав кадом сараъзои ҷумларо шарҳу эзоҳ медиҳад.
САМАРҚАНД
Таърихи пуршукӯҳ ва мақоми волои Самарқанд дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва билхосса дар тамаддуни эронӣ ва исломӣ ниҳоят бузург аст. Он чи мо дар сафаҳоти ин китоб дар сайри Самарқанд будем, шояд барои хонандагон тасаввуре аз ҳамин ҷойгоҳи таърихӣ ва имрӯзини Самарқанд ҳосил шуда бошад. Ин кори савобу мушкиле, ки банда ба он иқдом намудам, танҳо аз рӯи муҳаббат ва дилбастагист, ки аз овони кӯдакӣ то имрӯз ба зодгоҳи азизам дар дилу ҷон мепарварам. Чанд сол дур аз Самарқанд дар шаҳрҳои Тошканду Маскав иқомат доштам. Аз соли 1950 муқими Душанбе шудам. Аммо рӯҳи ман, тафаккурам, дилу ҳастии ман ҳамеша бо Самарқанд буд. Ман ҳеҷ гоҳ аз Самарқанд ҷудо набудам, худам ва баъдтар бо ҳамсару фарзандонам моҳҳо дар Самарқанд будем, дар гӯю сури хешовандону дӯстон ширкат доштем, бачаҳо урфу одат ва нишасту бархости самарқандиёнро ёд гирифтанд, худро самарқандюнасл мегӯянд. Ман дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳр дарс мегуфтам, ба тарбияи донишмандони ҷавон роҳбарӣ мекардам. Хулоса, ман ҳамеша дар Самарқанд будам. Шоҳиди нав шудану тағйир ёфтани симои шаҳр, урфу одати мардум будам.
Самарқанд ватани обову аҷдоди ман аст. Саромади
хонадони мо, хоҷаҳои мираконӣ – Миртоҳири Садр дар
солҳои чилуми асри 17 қозикалони шаҳр ва мударриси
мадрасаи Шайбонихон будааст. Малеҳои Самарқандӣ дар
тазкираи «Музокируласҳоб» дар бораи ин шахс бо муҳаббат
ва ихлоси тамом нақл мекунад. Аз рӯи нақли Малеҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ