Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Миракшоҳ ба Малеҳо ҳаққи устодӣ ҳам доштааст. Насабномаи Миракшоҳро Малеҳо аз падари ӯ — Миртоҳири Садр сар карда, то хонадони пайғамбари ислом (с) мерасонад. Шаҷараи бобои авлоди мо аз рӯи нақли Малеҳо ба Имом Мӯсои Козим, баъд ба Имом Ҷаъфари Содиқ — Имом Муҳаммади Боқир, Имом Зайнулобиддин — Имом Ҳусайни шаҳиди мазлум, Амиралмуъмин Алӣ ибни Абутолиб ва умма Фотима бинти Муҳаммад Расулуллоҳ (с) мерасад. Шаҷараи мо то Миракшоҳ аз падар инҷониб чунин аст: Ҳайдархон ибни Ҳодиҳоҷаи муфтӣ ибни қозӣ Ширинҳоҷа ибни қозиюлкузот шайхулислом Абдулҳайҳоҷа ибни Охунд Мир Абилхайр ибни Султон Иброҳим ибни Хоҷа Миракшоҳ...» Авлоди мо, ки аксар муфтию мударрис буданд, дар муҳрҳои худ ба номашон лақаб ва интисоби «Мӯсавиюрразавӣ»-ро илҳоқ мекарданд.

Чунон ки дар боло гуфтам, ба Самарқанд зуд-зуд сафар мекардам ва дар ин сафарҳо иқоматам дар ҳавлии худамон буд. Солҳои ахир рӯзҳои самарқандиямро дар ҳавлии язнаам Шавкат Беҳбудӣ ва хоҳарам Ҳумоюнхон мегузаронам.

Ман ба гузарҳои Сӯзангарон, Сӯфӣ Розиқ, Қозикалон, Тошкандӣ, Чакар... ба боғоти Мӯлиён, Равонак, Боғи Майдон, Даштаки Боло, Хоҷа Аҳрор... ба дидори хешону дӯстон меравам, Регистону Шоҳи Зинда, Гӯри Миру Расадхонаи Улуғбек, қабрҳои падару модар ва гузаштагонамро зиёрат мекунам. Дар ин сайругашт ҳамеша бо ифтихор, бо фараҳу шодӣ, бо ёди гузашта ва шукронаи имрӯз дар кӯчаҳои Самарқанд қадам мезанам... (432 калима)

Расул Ҳодизода

16

Матнро хонед ва ба тариқи саволгузорӣ ҷумлаҳои пайравашро муайян кунед.

ТАЛОШИ МАРДУМ

Баҳори ҳамон сол бебориш омад, ки оқибаташ хушксолӣ ва қаҳтӣ шуд. Баҳори чадидон ҳам ҳамон сол бар налод.

пешина
аз 275
навбатӣ