Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Ба ҳар навъ баҳор буд. Пуштаҳо гарм, заминҳои кишт нарм ва воҳаҳо сабзпӯш буданд – замини пири мулки Бухорои Шариф аз насими ҷавонӣ нафас мекашид. Ҳатто маҳмалаки қарғи хиштҳои Манори Калон ранги сабзи баланд – ранги зиндае гирифта буд. Ҷадидон, ки солиёни дароз баҳори мулк, баҳори иқтисодию сиёсӣ ва баҳори тану рӯҳ орзу мекарданд, аз ин баҳор умеди бисёре доштанд, ки ниҳолҳои шинондаашон бор овардааст ва самар медиҳад.

Ҳамон баҳор ҳам Манори Калони шаҳри Бухоро, монанди ҳафтсаду навад баҳори гузашта, босалобат ва ҳашамат ба дилҳо шодиву сурур ва тарсу ларз ҷо мекард.
Танаи азамати манор, ки ҳафтсаду навад сол боз баландтарин бинои Осиёи Миёна ва боиси фахри шарифтарин шаҳрҳои ҷаҳон ба шумор мерафт, он рӯзи мусаффои баҳор, ба мисли тамоми баҳорҳои умраш, як ҳукм аз тамоми дусад гузари шаҳр – аз гузарҳои атторому заргарон, дегрезону чӯянгарон, қассобону машкобон, бофандагону ресандагон, оҳангарону мисгарон, саисону харқорон ва амсоли он намудор буд. Аз гузари ашрофон ҳам намудор буд, аз гузари ҳаммолон ҳам ин Манор! Субҳи он рӯз ҳаштуми апрели соли 1917 аз ҳамаи он дусад гузар мардон баромада ҷониби Манори Калон мерафтанд. Занҳои ин мулк, занҳои ин мардум хонанишин, рӯпӯш ва аз чашми номаҳрам дур буданд; агар зан ё духтари касеро «кӯр, шал ва дастшикаста» гӯён сифат кунанд, маънои онро дошт, ки зан аз ин беҳтар намешавад; бинобар он онҳоро ба кори беруни хона шарик намекарданд, ҳақ ҳам надоштанд. Онҳо ба кори мулк шарик набуданд, ҳарчанд ки рӯзгор, кору бори даруну беруни хона ва бори мулк бар дӯши онҳо буд, бисёр мешавад, ки азобро гов мекашаду ноларо ароба мекунад.

Мардуме, ки тарафи Манори Калон мерафтанд, фавҷи
одамони гуногункаду гуногунлибос ва гуногунтоифаву
гуногунакида буданд – яке ғами ҷоҳ мехӯрд, дигаре ғами
нон, яке ғами халқ дар дил дошт, дигаре ғами иззати нафсу
шикам, онҳо бисёр буданд ва орзуву ормонҳои гуногуне дар
дил доштанд. Онҳо сӯи Манори Калон, вале ба ду самти он,
ба тарафҳои лаби ҳавзи Девонбегӣ ва хиёбони назди Арк –
Регистон мешитобиданд, ин сели одамиро бо вуҷуди

пешина
аз 275
навбатӣ