Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

1

Матнро ифоданок хонед ва гӯед, ки чаро дар охири баъзе ҷумлаҳо аломати савол гузошта шудааст.

НИҲОЛИ СЕБ

Ӯ борхалтаи маро аз дастам гирифт ва мо ба сӯи ҳавлиашон раҳсипор шудем.
— Падару модарат, додарҳоят нағз, сиҳату саломатанд?
— Ҳама нағз. Ҳоло онҳо дар кор, бегоҳӣ мебинӣ. Дар ин ҷо як гала дигаргуниҳо. Ниҳоли себро дар ёд дорӣ?
— Кадом себро?
— Ниҳолашро аз кӯҳ ҳар дуямон оварда шинонда будем-ку, себи хасак буд.
— Ҳа, ҳа, калон шудагист.
— Калон ҳам гап шуд? Ҳамон тобистон бо ёрии агроном ба он се хел себ пайванд кардем. Дар шохҳояш ҳоло се навъи себ. Пешпазакаш аллакай пухтагӣ.

Ба ҳавлӣ расидан замон ба таги себ тохтем. Дар ҳақиқат ниҳол калон шудааст ва дар шохаҳояш се навъи себ: якеаш суп-сурх, дигараш зардчатоб ва сеюмаш себи кабуд. Аҷоиб! Ба он нигоҳ карда ҳаваси кас меояд. (116 калима)

Акобир Шарифӣ

2

Матнро ифоданок хонед ва ҷумлаҳоро аз рӯйи оҳанг шарҳ диҳед.

МАҲСУЛИ МЕҲНАТ

Вақте ки ин себро чанд сол пеш, аввали баҳор аз домони кӯҳ оварда ин ҷо шинонда будем, борику майда ва ба қади мо баробар буд. Ҳоло ниҳоли баланд. Зокир аз навдаи себи сурх дошта, ду-се себ канда, якто ба ман доду яктоашро худаш гирифт.

Хӯр, як мазаашро бин.

пешина
аз 275
навбатӣ