Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ман умуман, себро нағз намебинам. Вале дар умрам чунин себи бомазаи сероб нахӯрдам.

  • Чӣ хел? - Ба ман нигоҳ карда гуфт Зокир.
    -- Зӯр, - гуфтам себро газида. Обҳои себ пош хӯрд. - Ин хел себи серобу бомазаро бори аввал мехӯрам.
  • Медонӣ, барои чӣ, Қобилҷон?
  • Чунки себи нағз!
    -- Ғайр аз ин дар он меҳнати ту ҳам ҳаст. Меҳнат ҳама чизро ширинтару боқадр мекунад, — чун калонсолҳо гуфт Зокир.

Акобир Шарифӣ

3 Аъзоҳои чидан ҷумла бо кадом воситаҳо ба ҳамдигар алоқаманд шудаанд?

МУҚАДДАСОТИ БАШАР
Дар пешгоҳи табиат ҳеч чиз муқаддас нест, ба ваҷҳе ки кулли ашё зуд ё дер рӯ ба вайронӣ биниҳанд ва фасодат бипазиранд. Аммо дар пешгоҳи ҳазрати инсон муқаддасот фаровон бувал. Қаҳрамононе, ки сар ба хотири озодӣ ва шараф бохтаанд, муқаддасанд. Бузургоне, ки башарро фаро ҷониби рӯшаниву хуршед хондаанд, муқаддасанд. Китобҳову нағмаҳое, ки инсонвор бидуни онҳо инсон зиста наметавонад, муқаддасанд. Ёдгориҳои таърихӣ, ки намоиши собиқаи инсонро медиҳанд, муқаддасанд. Зане муқаддас аст, ки шири покамон дода. Хоке муқаддас аст, ки овони тифлиамон рӯи он сипарӣ шуда. Ғояҳои Баробарӣ, Озодӣ, Некӯӣ, Зебоӣ, Хушбахтӣ, Ягонагӣ, Безаволӣ муқаддасанд. Олами ҷомеа бе муқаддасот ба олами табиат мубаддал шавад. Бидуни муқаддасот метавон вуҷуд дошт, аммо наметавон зиндагӣ кард.

Ардамеҳр

пешина
аз 275
навбатӣ