Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

боми хонаи дуошӯераи ҳамсоя баромад ва оҳиста-оҳиста қадам монда рафт...

Баногоҳ аз пеши ӯ ҳавлии шоҳонае баромад, ки калон ва бағоят зебо буда, дар саҳнаш як бех тӯбсадаи калон, дар зери сада шахсуваи фарохи мураббаъ, дар гирдогирдаш хонаҳои оинадор бо дару даричаҳои кандакорӣ, деворҳои гачкорӣ ва айвонҳои мунаққаш дошт. Пушти ҳавлӣ якчанд духтарони соҳибҷамол бо либосҳои ҳариру зебо рубобу дойра навохта ва тарона гуфта мерақсиданд. Зане рӯи курпачаҳои адрасу шоҳӣ ба лулаболиштҳои пӯпакдор такя карда нима дароз кашида буд. (120 калима)

Сотим Улуғзода

11 Ҷумлаҳои матнро ба сода ва мураккаб ҷудо кунед.

ШИКОРИ ГУРГ

Соле зимистон сахт меояду галаи гургон қариб ҳар шаб ба чорвои мардуми деҳаи Гулдара ҳуҷум мекунад. Одамон ба назди Мерган меоянд, то ки чорвояшонро аз ин бало наҷот диҳад. Аммо роҳу пайраҳаҳои барфпӯшу мисли ойна яхбаста имконият намедиҳанд, ки Мерган ба шикори гургон барояд. Бо вуҷуди ин, баъди чанд рӯз вай ба кӯҳ баромад. Ва дар сари пайраҳае, ки кӯҳу қишлоқро ба ҳам мепайваст, камин гирифт. Аммо бар қасди ӯ ҳамон шаб гургон ба қишлоқ нафаромаданд. Мерган бо пайраҳа боло баромада, тарафи кӯҳи Фарҳод тоб хӯрд. Шабҳои софу беғубори зимистон одатан аёс мешаванд. Он шаб моҳу ситораҳо низ дар осмон гӯё аз шиддати сармо карахт буданд. Мерган рӯ-рӯи барфи яхкарда бо эҳтиёт қадам мезад. (118 калима)

Иноят Насриддин

пешина
аз 275
навбатӣ