Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

бозмегаштанд. Духтарон, писаракон... ба сари пул ҷамъ шуда, подаро истиқбол менамуданд... (112 калима)
Ҷалол Икромӣ

9
Аломатҳои китобати матнро рост кунед.

ТАБИАТИ ҲАФТСАР

Осмон хеле сафед шуда, бар замин равшанӣ мебахшид. Аз паси абрҳои хокистарранги тунук хира бошад ҳам, гоҳ-гоҳе курси офтоб ба назар мерасид. Ҳатто дидан мумкин буд, ки вай дар муҳити бекарони худ чӣ зайл оҳиста шино мекунад. Замини аз оби раҳмат таъмин осуда нафас мегирифт. Насими серуни баҳорон суст ва гӯё бо дили хоҳам-нахоҳам вазида, шохаҳои дарахтонро базӯр мечунбонид. Сабзаҳои рӯи ҳавлӣ тар, тоза ва хушрангтар гашта буданд. Кӯҳи Ҳафтсар ҳафт қуллааш аз барф сап-сафед, чун ҳазорон сол муқаддам дар мақоми худ босалобат ва устувор меистод. Аз як гӯшаи айвон мусичае «ку-ку» мегуфт. Аз кӯчаҳо тоқа-тоқа ё ду-ду гунҷишкон парида омада, ба лаби боми айвон менишастанд: чириқ-чириқ мекарданд ва боз ба ҳаво мехестанд. (119 калима)
Саттор Турсун

10
Мазмуни матнро ҳикоя кунед.

БАЗМ

Рӯдакӣ қалам меронд. Аммо овози суруду нағма, ки аз кӯшки бону ба гӯш мерасид, баландтар шуда, ақли шоирро медуздид. Вай қаламро гузошта аз ҷой бархост ва берун рафт, гӯш андохт. Суруду нағма гӯё ки ӯро ба сӯи худ даъват мекард. Шоир овосро дунболагирӣ карда, бо нардбонча ба

пешина
аз 275
навбатӣ