Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

сарпӯши мудаввар, ки онро баъди дақиқаҳои башумор бурда ба ҷояш мегузоранд, бо ҳисси қаноатмандӣ менигаристанд. (120 калима)

Саттор Турсун

30 Аз матн ҷумлаҳои сода ва мураккабро ҷудо кунед.

ҲАМРОЗИ КОРЗОР

Воқеан, омӯхтан ҳам саҳл нест. Ба хӯю хислати бинокорон низ ошно шуда, чеҳраи ҳақиқӣ, заҳмат ва табиати ин ё он шахсро равшан ба рӯи қоғаз овардан дар радифи истеъдод сараввал фурсат мехоҳад, таҳқиқ металабад. Лозим аст, ки як муддати муайян дар миёни ҷӯши корҳо рӯз гузаронӣ, дар паҳлуяш меҳнат карда, ба мардум ҳамдаму ҳамтабақ бошӣ. Зиёда аз ин, то метавонӣ, ба дунёи ботинии онҳо сар фурӯ барӣ, ҷавҳари ҳастиашонро дарёбӣ.

Чунин тасмим душвор аст, албатта. Чӣ тавре гуфтам, пеш аз ҳама вақти фаровон металабад. Кулли ташвиши худро, фароғат ё машғулияти рӯзмарраи худро як тараф монда, танҳо аз паи ҳамин мақсад гаштан лозим меояд. Бо ду бору се бор аз Норак хабар гирифтан кас наметавонад набзи дигаргуниҳои онро эҳсос кунад. (118 калима)

Саттор Турсун

31
Ибораҳои матнро аниқ созед.

КОРИ НЕКУ НОМИ НЕК

Дар зиндагӣ одамоне ҳастанд, ки кас ба онҳо ҳар қадар бештар вохӯрад, ҳамон қадар меболад. Аз рафтору кирдори шоиста ва нишасту хести ботамкини онҳо ибрат мегирад; дилҷӯиву муомилаи хуши онҳоро ба хурду бузург ва меҳру садоқати ҳамарӯзаашонро ба табиату ҷамъият мушоҳида

пешина
аз 275
навбатӣ