Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

28

Аломатҳои китобати матнро ҷудо карда нависед.

ҚУРСИ ОФТОБ

Шафақаш фазои кӯҳи начандон дурро ҷо-ҷо гулобӣ гардонда, курси оташгуни офтоб ноаён ба ғуруб мелағҷад. Ман аз хона сабук берун омада, дар айвони дароз муддате ба он лолазор чашм медӯзам. Саҳни ҳавлӣ, ки пеши имораташро об зада рӯфтаанд, ҳоло сокит аст. Фақат ғул-ғули ҷӯйбор якмаром ба гӯш расида, рӯҳи касро болида месозад. Омехта ба нафаси гулу гиёҳ андак-андак бӯи хоки тар меояд, ки низ ба таври худ гуворост. Нохост аз катаки он тарафи ҷӯйбор қут-қӯти пасти мурғон паҳн гардида, намедонам, аз куҷо... як пояш кашол саги хонадон Шамшер пайдо мешавад. Ва дар бадали ин рӯзҳо тани лоғарашро нахустин бор ба соқи ман беозор молида, шодон дум меликонад. (111 калима)

Саттор Турсун

29

Ду калимаи мураккабро аз матн ҷудо карда, тарзи аз сатр ба сатр гузаронидани онҳоро шарҳ диҳед.

НЕРӮГОҲИ БАРҚӢ

Анвори тези чароғҳои пуркувват чун наҳҳои зарандуд аз мағзи торикӣ ба худ роҳ кушода, гӯё ба ҳар ҷо-ҳар ҷои қалби шахҳо фурӯ мерафт. Ба гӯш тез-тез ғурроси мошину ба ҳам бархӯрдани фулузот, ғичирроси чархи кранҳои борбардору шаракқоси занҷир ва боз гуна-гуна садоҳои пурғулгула мерасиданд. Ин ҳолатро ба мушоҳида гирифта, беихтиёр оромии шаҳри Норакро ба хотир овардам ва аз дил гузарондам, ки агар дар ин ҷо набзи бунёдкорӣ баланд набошад, шояд дар он ҷо чандон оромӣ намебуд...

Дар майдончаи сементпӯши назди бинои нерӯгоҳ, ки дар саҳнаш одатан баъзе таҷҳизоти аз ҳам ҷудои таҷҳизотро ба якдигар васл мекунанд, даҳ-дувоздаҳ нафар рост истода, ба

пешина
аз 275
навбатӣ