Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Навъи феълҳои матнро муайян кунед.

БОҒ

Як боғ: атрофаш ба девори пастаке иҳота шудааст; аз тарафи дарун сар то сари зери девораш ҷӯйчае кашида шуда, дар лаби ин ҷӯйча дарахтони себ, зардолу, гелос, олболу, дӯлона, нок, дилафрӯз, олуча, мурӯд ва дигар дарахтони мевадор қатор шинонда шудаанд; лекин ҳар кадоми ин дарахтон сархушк ва шикасташоҳ буда, аз мева додан бозмондаанд. Дар як тарафи ин боғ тахминан як таноб токзор аст, ки аз ғафсии кундаҳояш хеле пир буданаш ва аз печдарпечии навдаҳояш дар ин як сол, ду бор токбур ва қайчӣ нахӯрданаш аниқ мешавад; баъзе токҳо ба дарахтони бед ва зардолу печида баромада буданд; агарчи шоҳҳои ин токҳои ба дарахтпечида сархушк бошанд ҳам, аз баъзеояш навдаҳо сар зада аз онҳо ҷо-ҷо сарҳои ангур намоён мегардид. (118 калима)

Садриддин Айнӣ

Аз матн се калимаро ҷудо карда, таҳлили фонетикӣ кунед.

ПИРАМАРДИ НУРОНӢ

Моҳи дувуми фасли баҳор буд. Дашту даман пур аз сабзиҳо шуда ва дарахтону ниҳолонро пӯшише аз баргҳои зумуррадин фаро гирифта ва насими ҷонфизои баҳорӣ замзама мекунад, дар сари утоқи васеъ, ки аз як тараф ба ҷониби саҳро боз мешуд ва дар рӯ ба рӯи он чодирҳои муттаъдид бо ниҳояти назму тартиб насб шуда буд, пирамарди муваққар бо симои нуронӣ ва либосҳои покиза ва назиф*, ки осори ҷалолу бузургворӣ аз ҷамолаш зоҳир буд, нишаста ва дар канораш тифли ҳафт ё ҳаштсолаи зебое қарор гирифта, ки тамоми ҳавоси худро мутаваҷҷеҳи он пирамарди нуронӣ намудааст.

пешина
аз 275
навбатӣ