Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бо ин ки марди солхӯрда баҳори ҷавониро пушти сар гузошта ва дар хазон зиндагӣ ба сар мебурд, ҳатто гузашти айём маҳосини* баланду зулфони анбӯҳашро сафед карда буд. (119 калима)

Муҳаммади Тамаддун

ЛУҒАТ

назиф — покиза; тоза
маҳосин — ҷамъи ҳусн

35
Навъи сифатҳои матнро аниқ кунед.

СИМОИ БОБО

Як дараҷа хомӯшӣ ба миён омад. Шуоъҳои каҷи офтоб аз тиреза гузашта, рост ба рӯи сандалӣ мефуромаланд. Як тарафи рӯи пирамард аз онҳо равшан гардида, то ҷинҳои майдатаринаш баразло намоён буд. Вай дар зери нури офтоб чашмонашро нимпӯш намуда буд. Аз пиёлаи дар дасти ӯ будагӣ абрҳои тунуктарини чой боло мепариданд. Сояи онҳо дар девор ба парандаҳои беадади боло бардошташаванда монандӣ дошт. Нурҳои барқосои офтоб дар рӯи лаълӣ ба ҳар ранг даромада, бозӣ мекарданд. Бобо, ки офтоб вайро ҳам аз нури худ сероб намуда, симои вайро ба ҳайкалҳои бовиқори меъмори италиягӣ Микеланчело Буонаротти айнан монанд менамуд, ба нуқтаи номаълуме чашм пайваста буд. Оромиро ғурунг-ғурунги бачаҳо, ки аз берун мерасид ва садои соати деворӣ халалдор менамуданд. (116 калима)

Пӯлод Толис

пешина
аз 275
навбатӣ